Тафсир : Низоми стандартсозии Эрон намоде аз кайфияти бартари колоҳои эронӣ
Кайфияти колоҳои эронӣ ва истиқбол аз он дар ақсои нуқоти ҷаҳон , намоде аз амалкарди муваффақи Созмони миллии стандарти Эрон дар солҳои ахир бӯдааст .
“ Меҳди Исломпаноҳ “ раиси Созмони миллии стандарти Эрон , дар гуфтугӯи телевизионӣ гуфт : Низоми стандартсозии Эрон дар минтақаӣ ҷойгоҳи аввал , дар Осиёӣ панҷум ва дар ҷаҳон ҷойгоҳи бистумро аз они худ кардааст .
Раиси Созмони миллии стандарти Эрон , афзӯд : Дар Осиёи руқабои ҷаддӣ ва матраҳӣ дорем мин ҷумла Чин, ки Чин дар дунё рутбаӣ дувумро дорад дар Осиё рутбаӣ аввалро дорад , баъд Ҷопон ҳаст ва баъд кареяи Ҷанубӣ ва баъд ҳам кишвари Ҳинд ва баъд Ҷумҳурии Исломии Эрон , дар минтақа рутбаи аввалро дорем бо фосилаи маънодоре бо руқабои ҷиддӣ, ки дар минтақа дорем , қарор дорем .
Низоми стандартсозии ҷаҳонӣ Низомӣиаст , ки 168 кишвари дунё ба узвияти он даромадаанд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таваҷҷуҳ ба барномарезиҳо ва ҳадафгузориҳои кайфи яке аз аъзои фаъоли ин Созмон ҷаҳонӣ аства ҳузурии фаъол дар нишастҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ дар мавриди стандартсозӣ дорад .
Далоили аслии ҷойгоҳи Эрон , дар минтақа ва қорраи Осия ҳамчунин ҷаҳонӣ дар хусӯси стандарти кайфияти болои маҳсӯлот эронӣ аст ки ҳар сола раванди он рӯ ба пешрафт бӯда ва тавваҷуҳи ширкатҳо ва компаниҳои бузурги ҷаҳониро ба худ маътӯф кардааст ва тавлидкунандагони колоҳои эронӣ аз ҷумла маҳсӯлоти санъатӣ , кишоварзӣ ва дар бахши фановариҳои пешрафта ва маҳсӯлоти пизишкӣ ва донишбунён дар ҷаҳон ҷойгоҳӣ бебадил доранд .
Пуштикорҳои илмӣ ва иқтисодӣ ва кайфияти болои маҳсӯлоти эронӣ , дар шароити таҳсину тавваҷуҳи кишварҳои мухталифро ҷалб кардааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои ахир бо таҳримҳои якҷониба ва ғайриинсонии Амрико ва муттаҳидони ғарбии Кохи Сафед мувоҷҷеҳ бӯдаанд аммо мутахассисону донишмандони ҷавони эронӣ бо гузар аз ин мушкилот ба хуби тавонистаанд кайфияти маҳсӯлоти эрониро иртиқо диҳанд ва барои колоҳои худ бозорёбии муносибе бадаст оваранд .
Намоишгоҳҳо ва експоҳои бузург ва матраҳ дар ақсои нуқоти ҷаҳон , аз тарафдорони ҷаддии колоҳои эронӣ ҳастанд ва аз ҳузури ширкатҳои эронӣ дар ин намоишгоҳҳо истиқбол мекунанд . Кайфияти болои колоҳои эронӣ ҳамвора омили муассире барои тарвиҷи фарҳанги эронӣ - исломӣ низ будааст ва дар барпоии ғурфаҳои эронӣ ба мавзӯи тарвиҷу таблиғи фарҳанги ғании Эрон ва арзишҳои миллӣ низ пардохта мешавад .
Заминаи аслии муваффақияти колоҳои эронӣ , ва истиқбол аз кайфияти он , натиҷаи иқдомоти муассири Созмони миллии стандарти Эрон дар солҳои ахир будааст ки бо диққат ва истифода аз назари коршиносони хубра ва ба коргирии таҷҳизоти пешрафтаи мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонии колоҳо мавриди арзёбӣ қарор мегирад ва пас аз таи мароҳили мухталифи кайфияти он барои вуруд ба бозор таъйид мешавад . Муровидот ва ҳамкории илмии Созмони миллии стандарти Эрон , ҳамчунин бо Созмонҳо , донишгоҳҳо ва ниҳодҳои илмии ҷаҳон густариш ёфта ва бо тадовуми ин иртиботи таҷрибиёти тарафайн низ мавриди истифодаи якдигари қарор гирифтааст .
Дар канори ҷойгоҳу муваффақияти колоҳои эронӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ , кишварҳои минтақа низ ба шаклии густарда аз маҳсӯлоти сохти Эрон аз ҷумла , колоҳои хӯрокӣ , тавлидоти санъатӣ , маҳсӯлоти бахши энержӣ ва кишоварзӣ истифода мекунанд ва иллати аслии ин муваффақият короии Созмони миллии стандарт Эрон аст, ки тазминкунанда кайфияти колоҳои эронӣ дар сатҳ ҷаҳонӣ аст .