Апрел 10, 2024 12:21 Asia/Dushanbe

Ҳазорон нафар аз мардуми Теҳрон ҳамзамон бо барпоии намози бошукӯҳи иди саиди Фитр дар саросари кишвар, субҳи имрӯз намози иди Фитрро ба имомати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар мусаллои имом Хумайнӣ (р) адо карданд.

 Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, барпоии намоз ва эроди хутбаҳо ба сурати зинда аз расонаи khamenei.ir ва шабакаҳои Садо ва Симо пахш шуд.

 Мусаллои бузурги Теҳрон, ки дарҳои он аз замони азони субҳ ба рӯйи намозгузорон боз шуда буд, пеш аз замони иқомаи намози ид бо қироат оёте аз Каломуллоҳи маҷид, мадеҳасроӣ ва муноҷотхонӣ бо фазои рӯҳонӣ ва маънавӣ ҳамроҳ буд.

 Мардуми инқилобии Теҳрон аз ҳамон соъоти аввалия бо ҳузури густурда дар мусаллои бузурги Имом Хумайнӣ (ра) ва сафҳои баҳамфишурда барои барпоии намози иди саиди Фитрро ташкил доданд. Қишрҳои мухталифи мардум ва шахсиятҳои лашкарӣ ва кишварӣ дар иқомаи намоз ҳузур доштанд.

 Раҳбари инқилоби исломӣ пас аз иқомаи намоз ба эроди хутба барои намозгузорон пардохтанд.

 Пеш аз оғози намоз, Муҳаммадҳусайни Пӯёнфар дар васфи ҳазрати Валии аср (аҷ) ва Муҳаммадризо Базрӣ алайҳи ҷиноят саҳюнистҳо дар баробари мардуми мазлум Ғазза ва Фаластин шеърхонӣ карданд.

 

Барчасп