Апрел 13, 2024 10:46 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии куштии озоди Эрон қаҳрамони Осиё шуд

Рақобатҳои куштии озоди бузургсолони қаҳрамонии Осиё бо ҳузури 23 кишвар дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд ва тими Эрон бо касби 5 медали тилло ва 3 медали бринҷӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Тими куштии озоди Эрон, ки дар ин давра аз рақобатҳо ба далели ҳузури бархе аз куштигирони аслии худ дар мусобиқоти касби саҳмияи олимпӣ аз ҷумла Аҳмади Муҳаммаднажоди Ҷавон, Юнуси Имомӣ ва Амиралии Озарпиро ва масдумият ва осебдидагии Ҳасани Яздонӣ бо таркибе аз куштигирони ҷавон ва унвондор ба масофи ҳарифон худ рафт ва тавонист бо касби ниме аз медалҳои тилло, унвони қаҳрамониро аз они худ кунад. Ин дар ҳоле буд, ки тими Эрон соли гузашта танҳо як медали тилло касб карда буд ва дар ҷойгоҳи тимӣ севум шуда буд.

Рақобатҳои куштии фарангии қаҳрамонии Осиё низ аз рӯзи душанбе дар Бишкеки оғоз хоҳад шуд ва тими миллии Эрон, мудофеъи унвони қаҳрамонии ин рақобатҳо ба майдон хоҳад рафт.

 

Барчасп