Нахустин ҳузури Эрон дар нишасти вазирони улуми Созмони ҳамкории Шанхай
Ҳаштумин нишасти вазирони улуми кишварҳои узви Созмон ҳамкори Шанхай барои нахустин бор бо ҳузури намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони узви ин созмон дар Маскав-пойтахти Русия оғоз ба кор кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,Козими Ҷалолӣ-сафири Эрон дар Русия ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии исломӣ дар ин нишаст ҳузур ёфт.
Намояндаи Эрон дар Созмони Шанхай аз муҳиммтарин заминаҳои ҳамкории кишварҳои узви ин созмонро ҳавзаи омӯзиш унвон кард ва гуфт, омӯзиш санги бинои тавсеаи ҳар кишваре аст ва Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам дар ин замина собиқа ва таҷрибаи тӯлони дорад.
Сафири Эрон дар Маскав афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон алорағми мувоҷиҳа бо ҳама таҳримҳо ва фишорҳои ғайриодилонаи бархе қудратҳо дар ҳавзаи таҳқиқ, пажӯҳиш ва омӯзиши оли корҳои бузурге анҷом дода ва ҳаминак дар минтақаи ғарби Осиё дар бисёре аз нишондодҳои улум ва таҳқиқот аз ҷумла фановарӣ ва энергӣ ҷойгоҳи бартарро дорад.
Ҷалолӣ бо баёни инки Эрон омодааст то дастовардҳо ва таҷрибиёти худро дар ҳавзаи омӯзиш бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба иштирок бигузорад,тасреҳ кард:Донишгоҳҳои бартари Эрон солҳои тӯлонӣ бо кишварҳои узви Шанхай аз ҷумла Русия дар ҳоли ҳамкории муштарак ҳастанд.
Ҳаштумин нишасти вазирони улуми кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз панҷшанбе(18 апрел) дар Маскав оғоз ба кор кард.