Вуруди дабири шурои олии амнияти миллии Эрон ба Санкт-Петербург
Дабири шурои олии амнияти миллии Эрон бо ҳадафи ширкат дар давоздаҳумини иҷлоси байналмилалии амниятии Русия ва нишаст дабирони шурои амнияти миллии кишварҳои узви гуруҳи Брикси вориди Санкт-Петербург шуд.
Ба гузориши ИРНА, Алиакбари Аҳмадён намояндаи раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар посух ба даъвати Николай Патрушев дабири шурои амнияти миллии Рӯсия дар садри ҳайатӣ, барои ширкат дар давоздаҳумини иҷлоси байналмилалии амниятии Русия, ки бо ҳузури вазирони дифо ва дабирони шӯрои амнияти миллӣ беш аз яксад кишвар дар Санкт-Петербург баргузор мешавад ба Русия сафар кард .
Дабири шурои олии амнияти миллии Эрон ҳамчунин дар нишасти дабирони шурои амнияти миллии кишварҳои узви гуруҳи Брикс ширкат мекунад .
Аҳмадён дар ҳошия нишастҳои Русия бо шумори аз дабирони шурои олии амнияти миллии кишварҳои мухталиф ба сӯрати дуҷонибаи дидору гуфтугу хоҳад кард .
Иҷлоси солонаи амниятии Русия ки ҳар сол яке аз шаҳрҳои ин кишвари мизбонии онро баръуҳда дорад ба ибтикори Русия ва бо ҳадафи муқобила бо якҷонибагароӣ ғарб ба вижаи Амрико дар арсаи амнияти байналмилали баргузор мешавад.