Иҷрои пружаи бузурги “Uma Oya”-и Шриланка тавассути муҳандисони эронӣ
(last modified Wed, 24 Apr 2024 05:18:22 GMT )
Апрел 24, 2024 10:18 Asia/Dushanbe
  • Пружаи бузурги «Ума – Ойа» -и Шриланка тавассути муҳандисони Эрон бунёд шуд
    Пружаи бузурги «Ума – Ойа» -и Шриланка тавассути муҳандисони Эрон бунёд шуд

Пружаи чандманзураи сад ва нерӯгоҳи «Ума – Ойа» (Uma Oya) –и Шриланка, ки тавассути ширкатҳои эронӣ анҷом шудааст, ба унвони яке аз бузургтарин пружаҳои ҳавзаи содироти хадамоти фаннӣ - муҳандисии Эрон дар заминаҳои садсозӣ, интиқоли об ва тавлиди барқ, дар рӯзҳои оянда бо ҳузури мақомоти ду кишвар ба баҳрабардорӣ мерасад.

Бо иҷрои пружаи «Ума – Ойа», ки дар 230 километрии шарқи Коломбо, пойтахти кишвари Шриланка эҳдос шудааст, оби мозоди рӯдхонаҳои «Ума - Ойа» ва «Моҳотитуло Ойа», воқеъ дар устони “Uva” - и ин кишвар барои тавсеаи кишоварзӣ ба минтақаи камоби ҳамин устон мунтақил мешавад.

Иҷрои пружаи бузурги «Ума – Ойа» -и Шриланка тавассути муҳандисони Эрон

 

Ҳамзамон бо таҳаққуқи ин ҳадаф, тавлиди энержӣ аз тариқи нерӯгоҳи зеризаминии ин пружа ба зарфияти 120 мегаватт анҷом хоҳад шуд.

Иҷрои пружаи бузурги «Ума – Ойа» -и Шриланка тавассути муҳандисони Эрон

 

Эрон ба унвони як кишвари пешрав дар санъати обу барқ, ҷойгоҳи нахусти минтақаи Ғарби Осиёро дар судури хадамоти фанниву муҳандисӣ дар ин санъат дорад.

Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин дар миёни панҷ кишвари бартари созандаи турбини нерӯгоҳии ҷаҳон қарор дорад ва беш аз 91 дарсади қатаоти мавриди ниёзи санъати нерӯгоҳии худро бумисозӣ кардааст.