Моҷарои шикасти низомии Амрико дар саҳрои Эрон + тасовири ҳайратангез аз таҷҳизоти вайроншуда
(last modified Wed, 24 Apr 2024 14:51:04 GMT )
Апрел 24, 2024 19:51 Asia/Dushanbe
  • Моҷарои шикасти низомии Амрико дар саҳрои Эрон + тасовири ҳайратангез аз таҷҳизоти вайроншуда

Панҷуми урдибиҳишти соли 1359 ҳиҷрӣ- шамсӣ ҳудуди 15 моҳ баъд аз инқилоби мардуми Эрон ва суқути режими диктатории шоҳ, ки вобаста ба Амрико буд, амалиёти неруҳои низомии Амрико ба номи амалиёти “Панҷаи уқоб”, дар саҳрои Табаси Эрон дар замони шурӯъ бо фоҷеаҳои бузург рӯбарӯ шуд ва шикаст хӯрд.

Ин воқеа, пас аз он рӯй дод, ки Ҷими Картер, раиси ҷумҳури вақти Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифт, то ба Эрон ҳамлаи низомӣ кунад. Баҳонаи ин ҳуҷум, озодии ҷосусоне буд, ки дар сездаҳуми обони 1358 ба асорати донишҷуёни эронӣ даромада буданд; ҳадафи аслӣ аммо ҳамла ба марокизи сиёсӣ ва низомии Эрон ва ба суқут кашондани ҷумҳурӣ дар Эрон буд.

 Сарони Кохи Сафед, ки аз ҳаракати донишҷуён ғофилгир шуда буданд ва тавтеаҳояшон ошкор шуда буд, тасмим гирифтанд аз қувои низомӣ истифода кунанд ва бо ҳимояти бархе неруҳои дохилӣ ва пуштвонаи таблиғоти хабаргузориҳои ғарбӣ давлати вобаста ба худро дар Эрон ба қудрат бирасонанд.

Вуруди неруҳои Амрико ба Эрон

 Тибқи барнома чаҳоруми урдибиҳишти 1359, ҳафт ҳавопаймои ғӯлпайкари c-130 ва ҳашт  чархбол вориди марзи Эрон шуданд, дар ҳоле, ки неруҳои вежаи амалиёт, таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ ва фаннӣ дар ихтиёр доштанд.

 Амрикоиҳо аз ҷануби кишвар вориди марзҳои Эрон шуданд ва бо ҳамоҳангии давлати ғарбгаройи Бани Садр пас аз тайи ҳудуди сад километр, бидуни инки монее дар масирашон бошад дар фурудгоҳи вайронае наздики Работхони Табас фуруд омаданд.

 Тибқи як амалиёти ҳамоҳанг бо неруҳои нуфузӣ, пештар таҷҳизоти зиддиҳавоиро аз масири мавриди назар бардошта шуда буданд ва нимашаб буд, ки неруҳои вежа ба саҳрои Табас расиданд.

 Шикасти амалиёт ва нобудии бахши муҳимме аз таҷҳизот ва низомиёни амрикоӣ

 Низомиёни амрикоӣ вақте дар биёбони Табас буданд, яке аз чархболҳояшон аз ҳавопаймои c-130 сӯхтгирӣ кард ва аз замин бархост ва бо ҳавопаймо бархурд кард ва ҳар ду оташ гирифтанд.

Image Caption

 Сипас бар асари тӯфони шин(рег), 2 чархболи дигар дучори нақси фаннӣ шуданд ва аз анҷоми амалиёт бозмонданд. Дар натиҷа иҷрои тарҳ бо ҳамоҳангии Картер мутаваққиф шуд ва амрикоиҳо аз бими онкӣ, ҳамагӣ дар тӯфони шин дар Эрон нобуд шаванд ё асири неруҳои Эрон бишаванд, аз фурсати шаб истифода карданд ва фирор карданд.

Image Caption

Сохтори фармондеҳии неруҳои низомии Амрико ба қадре аз ҳам пошид, ки ҳашт низомии кушташудаи амрикоӣ, асноди махфӣ ва маҳрамона дар чархболҳо ба ҷо мондаро боқӣ гузоштанд.

Image Caption
Image Caption

Паёмадҳо:

Шикасти Табас, як зарбаи маҳкам бар пайкараи империализми Амрико ва сабаби расвоии сарони Кохи сафед шуд. Амрико мехост мардуми Эронро ба далели фурӯпошондани режими салтанати паҳлавӣ ва ҳамчунин дастгирии ҷосусҳои Амрико танбеҳ кунад; Вале натиҷа баракс шуд.

Image Caption

Дигар онки миллати Эрон ҳушёртар ва душмании ҷараёни султаҷуйи ғарбӣ ошкортар шуд, нуфузиҳо ва ҳамроҳони дохили бо Ғарби истеъморӣ расво шуданд. Картер дар пайи он буд, ки пас аз озодии гаравгонҳо дубора барои раёсати ҷумҳурӣ баргузида шавад; Вале ба сабаби ин нокомӣ ва тасмими Имом Хумайнӣ-раҳбари Эрон мабни бар нигаҳ доштани ҷосусон то баргузории интихобот, мардуми Иёлоти Муттаҳида ба Картер раъй надоданд ва вай дар интихобот шикаст хӯрд. Баъдҳо вай дар мусоҳибае гуфт: «Даврони раёсати ҷумҳурии ман, бадтарин давраи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико будааст; Зеро дар он замон давлати Амрико дар дасти оятуллоҳ Хумайнӣ дар Эрон ба гаравгон гирифта шуд».