Апрел 25, 2024 10:22 Asia/Dushanbe
  • Тӯфони шини саҳрои Табас - қудрати имдоди илоҳӣ
    Тӯфони шини саҳрои Табас - қудрати имдоди илоҳӣ

Панҷуми урдибиҳишт - солрӯзи шикасти ҳамлаи низомии Амрико ба Эрон дар Табас аст.

Панҷуми урдибиҳишти соли 1359 рӯзе таърихӣ ва ба ёдмонданӣ дар тақвими эрониён аст. Донишҷӯёни мусулмони пайрави хати имом (раҳ) 13 обони 1358 сафорати Амрико дар Теҳронро тасхир карданду аъзои онро гаравгон гирифтанд. Ин иқдом аз сӯи имом Хумайнӣ (раҳ) мавриди таъйид қарор гирифт ва эшон тасхири лонаи ҷосусии Амрикоро «инқилоби дувум» номиданд.

Давлати вақти Амрико ба раёсати Ҷими Картер ҳамаи талоши худ, аз ҷумла анвои таҳдиду таҳримро барои озодии коркунони сафорат ба кор баст, аммо ин иқдомот натиҷа надошт. Саранҷом, амрикоиҳо тарҳи таҷовузи низомӣ ба хоки Эронро дар дастури кор қарор доданду гуруҳи 132 нафара аз неруҳои вижаи артиши ин кишвар бо унвони «Делта фурс» барои ҳамла ба Эрон ва озодии гаравгонҳо ташкил шуд то дар як ҳамлаи ғофилгирона, гаравгонҳоро озод кунанд.

Ҳафт фарванд ҳавопаймои ғӯлпайкари С - 130 ва ҳашт фарванд болгарди низомӣ вориди ҳарими ҳавоии Эрон шуданд, аммо ончӣ неруҳои омӯзишдидаи Амрико пешбинӣ накарда буданд, тӯфони шин (регу қум) буд, ки ононро дар васеътарин биёбони Эрон замингир кард. Ҳавопаймоҳо ва болгардҳои низомии муҷаҳҳази Амрико дар амалиёти мавсум ба «Панҷаи уқоб» шаби панҷуми урдибиҳишти 1359 шамсӣ (25 апрели 1980 мелодӣ) аз нуқоти кӯри радарӣ вориди Эрон шуданд, аммо ҳамон ибтидо яке аз болгардҳо дар 120 километрии шаҳри Равер (устони Кирмон) дучори нақси фаннӣ ва маҷбур ба фуруд шуд. Сарнишинони он ба болгарди дигаре мунтақил шуданд ва пас аз тайи масофате ва бо тавваҷуҳ ба вуқуи тӯфони шин, дастгоҳи ҳидровлики ин болгард низ аз кор афтод ва тавонист худро ба нови ҳавопаймобари “Нимитз” бирасонад.

Ҳавопаймоҳои С - 130 ва болгардҳои низомӣ дар маҳалли мавриди назар, воқеъ дар саҳрои Табас дар торикии шаб фуруд омаданд то аз ин макони биёбонӣ амалиёти худро оғоз кунанд, аммо дар ҳоли сӯхтгирии болгардҳо барои иҷрои марҳалаи баъдии амалиёт, яке дигар аз онҳо дучори нақси фаннӣ шуд ва бо аз кор афтодани он, ҳамаи барномаҳои амрикоиҳо ба ҳам рехт, зеро бо муҳосиботе, ки анҷом дода буданд, барои анҷоми марҳалаи баъдии амалиёт ҳаддиақал ба 6 болгард ниёз доштанд. Амрикоиҳо ба дастури Картер тавре барои фирор аз тӯфони шин дар Табас шитоб карданд, ки куштаҳо, асноди сиррӣ ва маҳрамона дар болгардҳо ба ҷо мондаро боқӣ гузоштанд.

Ин воқеаи таърихӣ ду сол пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ ба вуқуъ пайваст. Агарчӣ амрикоиҳо тасхири сафорати Амрико тавассути донишҷӯёнро омили аслии тасмим барои оғози ҳамла алайҳи Эрон муаррифӣ карданд, аммо нияту ҳадафи аслии онҳо зарба задан ба инқилоби навпои мардуми Эрон буд, инқилобе, ки пои Амрикоро аз Эрон бурид ва Вашингтон яке аз муттаҳидони аслии худ дар Ғарби Осиёро аз даст дод.

Воқеаи Табас, ки аз он ба унвони “қудрати имдоди илоҳӣ” низ ёд мешавад, шикасти ҷиддӣ барои сиёсати хориҷии Амрико буд ва ҳаққонияти Эрони исломиро барои ҷаҳониён исбот кард. Ин шикасти бузург барои Амрико дар ҳоле рақам хӯрд, ки гуфта мешавад ҳудуди 50 рӯз қабл аз амалиёту вуруд ба Табас, онҳо саҳроеро дар Миср интихоб ва садҳо соат тамрин кардаанд.

Ҳорулд Браун, вазири дифои Амрико ҳаждаҳуми урдибиҳишт тайи гузорише ба конгресси ин кишвар эълом кард: Тӯфони шини ғайримунтазира, ки қаблан боис шуда буд болгардҳо аз якдигар ҷудо шаванд, муҷиби саргиҷа ва аз даст додани таодули хадамаи болгард шуд.

Ҷими Картер дар пайи он буд, ки пас аз озодии гаравгонҳо дубора барои раёсати ҷумҳурӣ баргузида шавад, вале ба сабаби ин нокомӣ ва тасмими имом Хумайнӣ, раҳбари Эрон дар бораи нигаҳ доштани ҷосусон то баргузории интихобот, мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Картер раъй надоданд ва вай дар интихобот шикаст хӯрд. Баъдҳо вай дар мусоҳибае гуфт: «Даврони раёсати ҷумҳурии ман, бадтарин давраи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико будааст, зеро дар он замон давлати Амрико дар дасти оятуллоҳ Хумайнӣ дар Эрон ба гаравгон гирифта шуд».

44 сол пас аз растохези шинҳо дар Табас, ҳамчунон душмании амрикоиҳо алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон идома дорад ва ба шиддат низ афзоиш пайдо карда, аммо Ҷумҳурии исломии Эрон рӯз ба рӯз қавитар мешаваду имрӯз яке аз қудратҳои аслии минтақаи Ғарби Осиё аст.

 

Барчасп