Апрел 26, 2024 19:15 Asia/Dushanbe
  • Тими Эрон дар Ҷоми Ҷаҳонии Паратирандозии Кореяи Ҷанубӣ
    Тими Эрон дар Ҷоми Ҷаҳонии Паратирандозии Кореяи Ҷанубӣ

Намояндагони Эрон дар рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии Паратирандозии Кореяи Ҷанубӣ дар моддаи тапончаи бодӣ муваффақ ба касби медали нуқраи мусобиқот шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, тими миллии паратирандозии занону мардони Эрон дар моддаи тапончаи бодӣ бо таркиби Муҳаммадризо Миршафеӣ ва Насрини Шоҳӣ дар марҳалаи муқаддамотӣ бо истодан дар ҷойгоҳи нахуст, роҳии марҳалаи финал шуд ва дар ин марҳала бо истодан дар радаи дувум ба медали нуқра расид.

Пеш аз ин низ Руқия Шуҷоӣ дар моддаи туфанги бодии истода дар ҷойгоҳи ҳаштум қарор гирифт.

Ҷоми Ҷаҳонии Паратирандозӣ ба унвони яке рӯйдодҳои касби омодагӣ дар масири паралимпики Порис - 2024 аст, ки бо ҳузури 125 варзишкор аз 27 кишвар аз 25 апрел то 1 май дар шаҳри Чонгони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп