Апрел 26, 2024 21:54 Asia/Dushanbe
  • Эрон 5 Узбакистон 4
    Эрон 5 Узбакистон 4

Дидори тимҳои футзали Эрону Узбакистон дар марҳалаи ниманиҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё бо бартарии Эрон ба поён расид.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, дар дуюмин дидори марҳалаи ниманиҳоии Ҷоми миллатҳои футзали Осиё – 2024, ки ба мизбонии Таиланд баргузор мешавад, имрӯз - ҷумъа аз соати 17:30 тими миллии футзали Эрон ба масофи Узбакистон рафт, ки ин дидор пас аз тасовии 3 ба 3 дар вақтҳои қонуниву изофа ба заработи пеналтӣ кашида шуд. Дар заработи пеналтии бозӣ бо натиҷаи 5 бар 4 ба суди тими миллии Эрон ба поён расид.

Дар дигар дидори марҳалаи ниманиҳоӣ, ки аз соати 14:30 байни тимҳои Тоҷикистону Таиланд баргузор шуда буд, Таиланд муваффақ шуд бо бартарӣ дар заработи пеналтӣ роҳии дидори ниҳоӣ шавад.

Ҷоми миллатҳои Осиё – 2024Эрон 5 Узбакистон 4

 

Ба ин тартиб тимҳои миллии футзали Эрону Таиланд 9 урдибиҳишт (28 апрел) дидори ниҳоиро баргузор хоҳанд кард ва тими Тоҷикистон бо тими Узбакистон барои ҷои севум рақобат мекунанд.