Апрел 27, 2024 10:44 Asia/Dushanbe
  • Касби тилои таърихии духтари давандаи Эрон дар қаҳрамонии Осиё

Давандаи бо монеъи Эрон тавонист ба медали тилои рақобатҳои қаҳрамони ҷавонони Осиё даст пайдо кунад.

Мусобиқоти дав ва майдонии қаҳрамонии ҷавонони Осиё аз 24 апрел ба мизбонии Аморот оғоз шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,дар дувумин рӯзи ин мусобиқот Нозанинфотимаи Идиён дар дави 400 метри бо монеъ зимни шикастани рекорди миллии ҷавонон ва бузургсолони Эрон барои аввалин бор як медали таърихӣ ба ранги тилоро касб кард.

Идиён муваффақ шуд бо сабти ҳадди нисоби 58.86 сония зудтар аз дигар рақибони худ аз хатти поён гузар кунад ва медали тилои ин рақобатҳоро ба даст оварад.

 Ин барои аввалин бор аст, ки духтарони дав ва майдонии Эрон тавонистаанд дар қаҳрамонии ҷавонони Осиё медали тило касб кунанд.

 

Барчасп