Апрел 28, 2024 20:06 Asia/Dushanbe
  • Иҷтимои донишҷӯёни саросари Эрон дар ҳамбастагӣ бо донишҷӯёни амрикоиву аврупоии ҳомии Фаластин

Донишҷӯёну устодони донишгоҳҳои Эрон дар ҳамбастагӣ бо донишҷӯёни амрикоиву аврупоии ҳомии Фаластин, таҷаммуоти зиддисаҳюнистӣ баргузор карданд.

Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), устодон, донишҷӯён ва коркунони донишгоҳҳои саросари Эрон рӯзи якшанбе бо барпоии таҷаммуоте зимни эъломи ҳимоят аз эътирозоти донишҷӯёни донишгоҳҳои амрикоиву аврупоии ҳомии Фаластин, дар эътироз ба ҷиноятҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён, бавижа дар борикаи Ғазза, ки ба ҳимояти ҷаҳонии донишгоҳиёну марокизи илмиву фарҳангии ҷаҳон мунҷар шуд, бархӯрди хашини полиси Амрико бо донишҷӯёни ҳомии Фаластинро маҳкум карданд.

Эътирозоти донишҷӯӣ дар ҳимоят аз Фаластин ва маҳкумияти ҷиноёти режими наслкуши саҳюнистӣ, ки аз донишгоҳи Колумбия дар шаҳри Ню-Йорки Амрико оғоз шуд, бо вуҷуди мувоҷеҳа бо саркӯб аз сӯи мақомҳои амрикоӣ, ибтидо ба дигар донишгоҳҳои ин кишвар, шомили Йел, Ню-Йорк, Ҳарвард, Техас ва Калифорнияи Ҷанубӣ сироят ёфта ва дар идома мавҷи эътирозот ба донишгоҳҳои соири кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Фаронса, Олмон, Канада, Британия ва Австралия расидааст.

Пас аз гузашти ҳудуди ҳафт моҳ аз таҷовузи бидуни натиҷаву дастоварди режими ишғолгари саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, режими ҷинояткори саҳюнистӣ рӯз ба рӯз бештар дар буҳронҳои дохиливу хориҷии худ форӯ меравад.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷанги Ғазза дар ҳафтуми октябри соли гузашта то кунун сивучаҳор ҳазору 454 фаластинӣ дар борикаи Ғазза ба шаҳодат расиданд ва ҳафтоду ҳафт ҳазору 575 нафар ҳам захмӣ шуданд.

 

Барчасп