Май 04, 2024 14:49 Asia/Dushanbe
  •  Нахустин маъмурияти уқёнусии Сипоҳ дар нимкураи ҷанубӣ

Киштии уқёнуспаймои «шаҳид Маҳдавӣ» мутаъаллиқ ба неруи дарёии Сипоҳ бо гузар аз мадори сифр дараҷа (хатти Экватор) вориди нимкураи ҷанубии Замин шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ин аввалин маъмурияти дурбурди дарёии Сипоҳ аз лиҳози тайи масофат ва навъи маъмурият аст.

 Ин киштӣ дар исфанди 1401 ба истифода дода шуда,ки беш аз 2100 тонна вазн дорад, дарозии он 240 метр ва бари он 27 метр аст.

Киштии уқёнуспаймои «шаҳид Маҳдавӣ»  сомонаҳои пешрафтаро дорост ва дар навъи худ аз ҷумлаи киштиҳои хосси Эрон маҳсуб мешавад. Илова бар ин аввалин шиновар эронии муҷаҳҳаз ба мушакҳои баллистикии дурбурд аст.

 Дар баҳманмоҳи соли гузашта, хабари расмии шиллики мушаки баллистикӣ аз рӯйи ин шиновар мунташир шуд ва тибқи тасовире, ки неруи дарёии сипоҳ мунташир кард, 2 мушаки баллистикӣ бо бурди тақрибии 1700 километр ба самти аҳдофи худ шиллик шуданд.

 

Барчасп