Қосимӣ: Ҳимояти Арабистон аз терроризм, минтақаро ба ошӯб кашондааст
(last modified 2017-01-08T06:55:30+00:00 )
Январ 08, 2017 11:55 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Ҳимояти Арабистон аз терроризм, минтақаро ба ошӯб кашондааст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти зидди эронии вазири дифоъ ва ҷонишини валиаҳди Арабистон гуфт, Арабистон бо ҳимоят аз гурӯҳҳои такфирӣ ва террористӣ, минтақаро ба ошӯб кашондааст.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Қосимӣ- сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, шанбешаб гуфт, аз ҷумла бозигароне, ки ислоҳи рафтори он барои сулҳу  оромиши ҷаҳонӣ зарурӣ буда, Арабистон аст.

Қосимӣ бо ишора ба ин, ки терроризми такфирӣ бе тардид реша дар андешаи ваҳобият дорад, афзуд, Арабистон аз яксуӯ сабабгори ҷиноёти хунин зидди мардуми Сурия, Ироқ ва Яман аст ва аз сӯи дигар ба хотири ҳамсуӣ ва ҳамдастӣ бо режими саҳюнистӣ, муртакиби хиёнат ба мусулмонон ба вижа ҷаҳони араб ва ормони Фаластин шудааст.

Вай таъкид кард, дар гузоришҳои созмонҳои иттилоотии Ғарб борҳо таъйид шудааст, ки иртиботи маънодор ва созмонёфтае байни ниҳодҳои расмии Арабистон ва ифротиёни такфирӣ дар саросари ҷаҳон вуҷуд дорад ва ба назар мерасад, изҳороти вазири дифоъи Саудӣ, фароафканӣ дар бораи ин ифшогариҳо иттилоотӣ будааст.

Қосимӣ хотирнишон кард, давлатмардони Арабистон ба ҷои ин гуна фароафканиҳои беҳосил, беҳтар аст, дарсадади ислоҳи равиш ва рафтори худ баромада ва ба оқибатҳои сиёсатҳо ва иқдомоти мухарриби худ биандешанд.

Муҳаммад ибни Салмон, вазири дифоъ ва ҷонишини валиаҳди Арабистон дар мусоҳиба бо нашрияи амрикоии “Foreign affairs” муддаӣ шуд, Эрон намояндаи се масъалаи аслӣ, яъне иддиалогияҳои бидуни марз, бесуботӣ ва терроризм аст.

 

Барчасп