Январ 08, 2017 13:10 Asia/Dushanbe
  • Дархости хонаводаи шаҳидони Мино дар Эрон барои ташкили Кумитаи ҳақиқатёби байналмилалӣ

Ҷамъе аз хонаводаи шаҳидони Мино бо ирсоли номае ба Комиссияи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, ташкили Кумитаи ҳақиқатёби байналмилалиро барои равшан шудани далоил ва авомили бурузи фоҷиаи Мино хостор шуданд.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хадиҷа Мирмуртазавӣ -намояндаи хонаводаи шаҳидони фоҷиаи Мино дар устони Хуросони Разавии Эрон, дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИРНА, гуфт, аз он ҷо, ки тибқи қавонини байналмилалӣ ҳифозат аз ҷони афроде, ки бо дар даст доштани раводид вориди як кишвар мешаванд бар ӯҳда кишвари мизбон аст, давлати Саудӣ бояд масъулияти ин рухдодро бипазирд ва бо пардохти ғаромат, ба ин кӯчактарин вазифаи худ дар қиболи ин фоҷиаи камназири инсонӣ ҷомаи амал бипушонад.

 Хонаводаи шаҳидони Мино дар ин нома, хостори ташкили Кумитаи ҳақиқатёб ва дарёфти филми дурбинҳои мадорбастаи саҳна ва баррасии абъоди ин фоҷиа шуданд.

Хонум Мирмуртазавӣ таъкид кард, ҳамакнун талоши байналмилалӣ барои ҷамъоварии имзо ва ташкили Кумитаи ҳақиқатёб шакл гирифтааст ва аксари хонаводаҳои шаҳидони Мино бавижа дар устони Хуросони Разавӣ, пайгири ин мавзӯ ҳастанд.

Беш аз ҳафт ҳазор ҳоҷӣ аз ҷумла 464 ҳоҷии эронӣ Иди Қурбони соли 2015 (24 сентябр 2015) дар ҳоли анҷоми Ҳаҷ дар сарзамини Мино ба далел саҳлангории масъулони Оли Сауд ҷони худро аз даст доданд.

Бар асоси омор аз маҷмуи 464 ҷон бохтаи эронии фоҷиаи Мино, устони Хуросони Разавии Эрон бо 92 қурбонӣ бештарин теъдоди қурбониёни ин фоҷиаро миёни устонҳои Эрон дорад.

 

Барчасп