Идомаи амалиёти имдодрасони дар сел ва обгирифтагии шаҳри Машҳад
Май 19, 2024 12:35 Asia/Dushanbe
Бориши шадиди борон дар баъд аз зуҳри шанбе 29 урдибиҳишт сабаби сел ва обгирифтагӣ дар бархе манотиқи шаҳр Машҳад шуд.
Созмони ҳавошиносӣ ва ситоди буҳрони устон дар бораи боришҳои муҷаддади селосо ва эҳтимоли ба роҳи афтодани селоб ҳушдорҳои лозимро содир кардаанд.
Дар пайи бориши шадид ва селиосои борон дар рузи чаҳоршанбе 26 урдибиҳишт низ аксари хиёбонҳои Машҳад бо обгирифтагии шадиди маъобир мувоҷеҳ шуд. Минтақаи Сайиди ва майдони Инқилоби Машҳад ба далели ҳам ҷаворӣ бо кӯҳҳои Машҳад дар мувоҷиҳа бо ҳаҷми зиёдӣ аз оби борон ва селоб қарор гирифтанд. Дар пайи вуқуъи ин сайлоб ба хонаҳои минтақаи Сайиди ва маъобири ин минтақа ва майдони Инқилоб хисоратҳои зиёди ворид шуд.