Вокуниши мақомот ва расонаҳои ҷаҳон ба суқӯти болгарди ҳомили раисиҷумҳӯр
(last modified Mon, 20 May 2024 06:33:29 GMT )
Май 20, 2024 11:33 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши мақомот ва расонаҳои ҷаҳон ба суқӯти болгарди ҳомили раисиҷумҳӯр
    Вокуниши мақомот ва расонаҳои ҷаҳон ба суқӯти болгарди ҳомили раисиҷумҳӯр

Раҳбари аксарияти Санои Амрико гуфт бар асоси гуфтугӯе, ки бо масъӯлони иттилооте доштам , нишонае аз тавтеъа дар ҳодисаи суқӯти болгарди раисиҷумҳӯри Эрон вуҷӯд надорад .

Дабири Шӯрои амнияти миллии Ироқ : Оятуллоҳи Раисӣ ва  Амири Абдуллоҳиён ду шахсияти бузурги буданд Қосим Ал-Араҷи Дабири Шӯрои амнияти миллии Ироқ дар пайи шаҳодати Сайид Иброҳими Раисӣ ва  ҳайати ҳамроҳ эълом кард Оятуллоҳи Раисӣ ва  Амир Абдуллоҳиён ду шахсияти бузург буданд ки дар оромиш ва  суботи минтақаӣ нақши муҳиммӣ ифо карданд.

Нахуствазири Ҳинд дар паёмӣ навишт : Нақши оқои Раисӣ дар тақвияти равобити ду ҷониба ҳамеша дар ёдҳо хоҳад монад .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Деҳлии Нав ,Narendra Modi дар саҳифаи шахсиаш навишт : Даргузашт ғамангези доктори Сайид Иброҳими Раисӣ , раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон , мояи таассуфи амиқаст . Нақши вай дар тақвияти равобити дуҷонибаи байни Ҳинд ва  Эрон ҳамеша дар ёдҳо хоҳад монад . Аз самими қалб ба хонаводаи ишон ва  мардуми Эрон таслият мегӯям . Ҳинд дар ин ғам дар канори Эрон истодааст .

Нахуствазири Ироқ шаҳодати раисиҷумҳӯри кишварамонро таслияти гуфт Mohammed Shia' Al Sudani нахуствазири Ироқ дар иттилоияе , шаҳодати Сайид Иброҳими Раисӣ , раисиҷумҳӯри Эронро ба миллату давлати Эрон таслият гуфт ва эълом кард : Дар ин шароити сахт , давлат ва миллати Ироқ бо давлату миллати Эрони эълом ҳамдардӣ мекунанд.

Кумитаҳои муқовимати мардумии Фаластин , рӯзи душанбе дар баёнияе  эълом кард : Шаҳодати Сайид Иброҳими Раисӣ , раисиҷумҳӯр ва Ҳусайн Амир Абдуллоҳён вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳи ононро ки дар ҳодисаи дардноки суқӯти болгард ба шаҳодати расиданд , таслият мегӯем ва эълом мекунем ки Фаластин , мардум ва муқовимати он , корҳо ва иқдомоти ин ду шаҳиди муқовимат ба нафъи мардум ва  ормони миллати Фаластинро ҳаргиз аз ёд нахоҳанд бурд .

Раиси Шӯрои амнияти миллӣ , вазири умурхориҷаи Непал ва шахсиятҳои мухталифи Ҳинд шаҳодати раисиҷумҳӯр ва  ҳамроҳони вайро таслият гуфтанд.

Раиси Шӯрои амнияти миллӣ ва  вазири умӯри хориҷаи Непал дар тамос бо сафири Эрон дар Деҳлии Нав маротиби ҳамдардии худро бо давлату миллати Эрон эълом карданд .