Алии Боқири сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон шуд
-
Алии Боқири сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон шуд
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони сарпарасти ин вазоратхона таъин шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Алии Баҳодурии Ҷаҳрумӣ, сухангуи давлати Эрон дар гузориши аз ҷаласаи фавқулода имрузи ҳайат давлат гуфт: Дар пайи шаҳодати Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон бар сониҳаи ҳавопаймо бо тасвиби ҳайати давлат, Алии Боқири муовини сиёсии Вазорати умури хориҷа баъунвонии сарпарасти ин вазоратхона ва кумитаи байналмилал интихоб шуд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломии имруз душанбе дар паёми зимни таслият бобати шаҳодати Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷа, ҳуҷатулислом валмуслимин Оли Ҳошими намоянда валии фақиҳ дар Озарбойҷони Шарқӣ, Молики Раҳматӣ, устондори Озарбойҷони Шарқӣ ва ҳамроҳони гиромии ишон дар сониҳаи ҳавоӣ ва эъломи панҷ руз азои умуми гуфтанд, Муҳаиммади Мухбир муовини аввали раиси ҷумҳур тибқи асли 131 қонуни асосӣ дар мақоми мудирияти қувваи муҷрия қарор мегирад ва муваззаф аст ба ҳамроҳии руасои қувои муқаннана ва қазоия тартиб диҳанд ки зарфи ҳаддиаксар панҷоҳ руз раиси ҷумҳури ҷадид интихоб шавад.
Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар баёнияи эълом кард, шаҳидон Сайид Иброҳими Раисӣ ва Ҳусейн Амирабдуллоҳиён дар се соли ахир дар вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи кишвар нақши тарихӣ, асаргузор ва мондагор дар таърихи сиёсату равобити хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ Эрон доштаанд.
Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дируз якшанбе 19 моҳи май бар асари сониҳаи ҳавои болгард дар минтақаи Варзақон, Озарбойҷони Шарқӣ, шимоли ғарби Эрон ба шаҳодат расиданд.
Дар ин сониҳаи ҳавоӣ Сайид Иброҳӣми Раисӣ раиси ҷумҳур ва ҳамроҳон ӯ аз ҷумла Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷа, оятуллоҳ Сайид Маҳмадалии Оли Ҳошим, имоми ҷумъаи Табрез, Молики Раҳматӣ устондори Озарбойҷони Шарқӣ ва ҳамчунин сартими ҳифозати раиси ҷумҳур, халабонон ва кадри парвози болгард ба шаҳодати расиданд.
Шаҳид, Сайид Иброҳими Раисӣ дар озармоҳи соли 1339 ҳиҷрии шамсӣ баробар ба декабри 1960 милодӣ дар хониводаи руҳонӣ дар шаҳри Машҳад ва дар маҳаллаи Нуғон, дида ба ҷаҳон гушуд.
Шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ, дар соли 1400 ҳиҷрии шамсӣ баробар ба 2021 милодӣ бо ширкат дар сездаҳумини давраи раёсати ҷумҳури, бо касби беш аз 18 миллион райи мардуми дар интхоботи 28 хурдоди 1400 баробар ба18 июни 2021, ба раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрони мансуб шуда буд.