Май 21, 2024 18:19 Asia/Dushanbe
  • Духтари эронӣ дар ҷамъи бартарин футсолистҳои ҷаҳон

Ситораи Насли тиллои футсоли занони эронӣ ҷузви 10 бозикуни бартар ҷаҳон шуд.

Ба гузориши сомонаи футсоли Плент ки ҳар сола ановини бартари футсоли ҷаҳонро интихоб ва эълом мекунад, рузи сешанбе Фотимаи Эътидодӣ футсолисти зани Эрониро дар ҷамъи 10 кандиди дарёфт беҳтарини бозикуни футсоли ҷаҳон қарор дод.

Фотимаи Эътидодӣ ситорае ки ду бор бо тими миллии Эрон бар боми қорраи куҳани истода ва соли гузашта ба ҳамроҳи Пайкони муваффақ ба касби унвони қаҳрамонӣ дар супрлиги футсоли занон шуд дар соли 2018 ба ҳамроҳ Сорои Ширбегӣ дигари ситораи тими миллии футсоли занони Эрон муваффақ шуд бо 8 гол зада унвони хонуми гули мусобиқотро аз он худ кунад.

Конфедератсияи футболи Осиё пеш аз ин Эътидодиро мошини голзан муаррифи карда буд.

Тими миллии футсоли занони Эрон баъд аз ду қаҳрамонии паёпай дар мусобиқоти ҷоми миллатҳои Осиё ки дар солҳои 2015 ва 2018 рақам хурд, танҳо тими варзишии занон Эрон аст ки бар боми қорраи куҳан истод.

Духтарони насли тиллои футсоли Эрон дар солҳои гузаштаи борҳои ановини фардии муҳиммиро касб карданд.

Барчасп