Январ 08, 2017 21:47 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) таслият бод

Фардо, (душанбе), 10-уми рабеуссонии соли 1438-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 9-уми январи соли 2017 солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) аст.

Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) дар шаҳри муқаддаси Қум, ҷануби Теҳрон воқеъ шудааст.

Шаҳри муқаддаси Қум дар шаби солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) духтари имом Мусои Козим (а), имоми ҳафтуми шиаён ғарқ дар сӯгу мотам аст.

Мардуми ин шаҳр бо барафроштани парчамҳову байрақҳои сиёҳ ба нишонаи азо ва бо баргузории маросими мухталифи азодорӣ, иродати худ ба ин бонӯи ислом ва ишқу иродати худро ба аҳли байти исмату таҳорат (а) ба намоиш  мегузоранд.

Имшаб дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с) барномаҳои вижаи суханронӣ ва маддоҳӣ баргузор мешавад ва зоирону муҷовирони он ҳазрат низ азодорӣ ва сӯгворӣ мекунанд.

Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Маъсума (с)-ро ба ҳамаи мусулмонону дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.