Дуюмин гузориши ҳайати олии баррасии илали сониҳаи болгарди раисиҷумҳӯри шаҳид
(last modified Thu, 30 May 2024 07:56:10 GMT )
Май 30, 2024 12:56 Asia/Dushanbe
  • https://news.parstoday.ir/contents/6281553/publish#:~:text=%D8%AA%D8%A7%DB%8C%DB%8C%D8%AF%20%D9%86%D8%B4%D8%B1%20%D9%85%D8%B7%D9%84%D8%A8-,%D0%94%D1%83%D1%8E%D0%BC%D0%B8%D0%BD%20%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%BE%D1%80%D0%B8%D1%88%D0%B8%20%D2%B3%D0%B0%D0%B9%D0%B0%D
    https://news.parstoday.ir/contents/6281553/publish#:~:text=%D8%AA%D8%A7%DB%8C%DB%8C%D8%AF%20%D9%86%D8%B4%D8%B1%20%D9%85%D8%B7%D9%84%D8%A8-,%D0%94%D1%83%D1%8E%D0%BC%D0%B8%D0%BD%20%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%BE%D1%80%D0%B8%D1%88%D0%B8%20%D2%B3%D0%B0%D0%B9%D0%B0%D

Маркази иртибототи ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон , дуюмин гузориши ҳайати олии баррасии абъоду илали сониҳаи болгарди шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ раисиҷумҳӯр ва ҳайати ҳамроҳро мунташир кард .

Болгарди ҳомили « Сайид Иброҳими раисӣ » ҳаштумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони асри якшанбе ( 19 май ) дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи сади “ Қиз Қалъесӣ “ ба самти шаҳри Табрез , дар минтақаи Варзақони устони Озарбойҷони шарқӣ , шимоли ғарби Эрон , дучори сониҳаи ҳавоӣ шуд ва суқӯт кард ва раисиҷумҳур ба ҳамроҳи « Ҳусайн Амирабдуллоҳиён » вазири умӯри хориҷа ва дигари ҳамроҳон , ба мақоми рафиъи шаҳодат нойил омаданд .

Дар ҳамин росто ва бар асоси дуюмин гузориши ҳайати олии баррасии абъоду илали сониҳаи болгарди раисиҷумҳӯр ва ҳайати ҳамроҳ , бахши аъзамӣ аз аснод , савобиқу мадорики муртабит бо таъмиру нигаҳдории болгарди сониҳа дида мавриди баррасии дақиқ қарор гириф ва мшколе, ки ба лиҳози таъмирот ва нигаҳдорӣ битавонад дар вуқуъи сониҳа муассир бошад мушоҳида нашуд .

Ин гузориш афзӯд : Бо баррасии ба амал омада ва муҳосиботи сӯратгирифта ,зарфияти болгард аз ҷиҳати теъдоди сарнишин ва таҷҳизот , мутаносиб бо ҳаддиаксари вазни стандарти болгард дар шурӯи парвоз ва ба ҳангоми бархестан аз мабдоъ то мақсад ва масири баргашт дар ҳадди муҷҷоз риоят гардидааст .

Дар ин гузориш омадааст : Бар асоси пиёдасозмм муколимоти забт шудаи байни халабонони гуруҳи парвозӣ , охирин тамос бо халабонони болгарди сониҳа дида то замони вуқуъи ҳодиса ва адами посухгуии онҳо 69 сония тӯл кашидааст ва ҳеҷ гӯна эъломии мабнӣ бар вазъияти изтирорӣ забт нигардидааст .

Ин гузориш таъкид мекунад ки бо тавваҷуҳ ба намӯнабардорӣ ва озмоишоти сӯратгирифта аз бақоё ва қатаъоти болгард ва наҳваи парокандагии онҳо ва фавосили аҷзоъи ҷудо шуда аз баданаи аслӣ , вуқуъи инфиҷори ношӣ аз харобкорӣ дар ҷараёни парвоз ва лаҳазоти қабл аз бархӯрд ба доманаи иртифоъот мунтафӣ аст .

Ҳамчунин дар ин гузориш омадааст : Баробари гузориши коршиносони тахассусии осории ношӣ аз иқдомоти ҷанги электронис бар рӯй болгарди сониҳа дида мушоҳида нашудааст .

Ёдоварӣ мегардад то замони кашфи иллати аслии сониҳа , баррасии озмоишот ва таҷзия ва таҳлил додаҳо идома меёбад ва натоиҷ иттилорасонӣ хоҳад шуд .