Дуюмин гузориши ҳайати олии баррасии илали сониҳаи болгарди раисиҷумҳӯри шаҳид
Маркази иртибототи ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон , дуюмин гузориши ҳайати олии баррасии абъоду илали сониҳаи болгарди шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ раисиҷумҳӯр ва ҳайати ҳамроҳро мунташир кард .
Болгарди ҳомили « Сайид Иброҳими раисӣ » ҳаштумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони асри якшанбе ( 19 май ) дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи сади “ Қиз Қалъесӣ “ ба самти шаҳри Табрез , дар минтақаи Варзақони устони Озарбойҷони шарқӣ , шимоли ғарби Эрон , дучори сониҳаи ҳавоӣ шуд ва суқӯт кард ва раисиҷумҳур ба ҳамроҳи « Ҳусайн Амирабдуллоҳиён » вазири умӯри хориҷа ва дигари ҳамроҳон , ба мақоми рафиъи шаҳодат нойил омаданд .
Дар ҳамин росто ва бар асоси дуюмин гузориши ҳайати олии баррасии абъоду илали сониҳаи болгарди раисиҷумҳӯр ва ҳайати ҳамроҳ , бахши аъзамӣ аз аснод , савобиқу мадорики муртабит бо таъмиру нигаҳдории болгарди сониҳа дида мавриди баррасии дақиқ қарор гириф ва мшколе, ки ба лиҳози таъмирот ва нигаҳдорӣ битавонад дар вуқуъи сониҳа муассир бошад мушоҳида нашуд .
Ин гузориш афзӯд : Бо баррасии ба амал омада ва муҳосиботи сӯратгирифта ,зарфияти болгард аз ҷиҳати теъдоди сарнишин ва таҷҳизот , мутаносиб бо ҳаддиаксари вазни стандарти болгард дар шурӯи парвоз ва ба ҳангоми бархестан аз мабдоъ то мақсад ва масири баргашт дар ҳадди муҷҷоз риоят гардидааст .
Дар ин гузориш омадааст : Бар асоси пиёдасозмм муколимоти забт шудаи байни халабонони гуруҳи парвозӣ , охирин тамос бо халабонони болгарди сониҳа дида то замони вуқуъи ҳодиса ва адами посухгуии онҳо 69 сония тӯл кашидааст ва ҳеҷ гӯна эъломии мабнӣ бар вазъияти изтирорӣ забт нигардидааст .
Ин гузориш таъкид мекунад ки бо тавваҷуҳ ба намӯнабардорӣ ва озмоишоти сӯратгирифта аз бақоё ва қатаъоти болгард ва наҳваи парокандагии онҳо ва фавосили аҷзоъи ҷудо шуда аз баданаи аслӣ , вуқуъи инфиҷори ношӣ аз харобкорӣ дар ҷараёни парвоз ва лаҳазоти қабл аз бархӯрд ба доманаи иртифоъот мунтафӣ аст .
Ҳамчунин дар ин гузориш омадааст : Баробари гузориши коршиносони тахассусии осории ношӣ аз иқдомоти ҷанги электронис бар рӯй болгарди сониҳа дида мушоҳида нашудааст .
Ёдоварӣ мегардад то замони кашфи иллати аслии сониҳа , баррасии озмоишот ва таҷзия ва таҳлил додаҳо идома меёбад ва натоиҷ иттилорасонӣ хоҳад шуд .