Суханронии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар солгарди риҳлати ҳазрати имоми Хумайни (раҳ)
(last modified Sat, 01 Jun 2024 16:13:36 GMT )
Июн 01, 2024 21:13 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар солгарди риҳлати ҳазрати имоми Хумайни (раҳ)
    Суханронии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар солгарди риҳлати ҳазрати имоми Хумайни (раҳ)

Маросими сивупанҷумин солгарди риҳлати ҳазрати имоми Хумайни (раҳ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломӣ бо ҳузур ва суханронии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ин барнома субҳи рузи душанбе 14 хурдоди 1403 дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имоми Хумайни (раҳ) соъати 8 субҳ бо ҳузур ва суханронии ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ оғоз мешавад.

Суханрони дар маросими 14 хурдод аз муҳимтарин дидорҳои солиёнаи Раҳбари муаззами инқилоб бо умуми мардуми Эрони исломӣ ва алоқамандони инқилоби исломӣ ва имоми Хумайни (раҳ) дар ҷаҳон аст ки басурати маъмул дар ин баёнот, мабони ва усули мактаби имоми Хумайнӣ(раҳ) ва масоили муҳими дохилӣ ва байналмилалӣ табйин мешавад.

Душанбеи 14 хурдод баробар бо 3 июн мусодиф бо сивупанҷумин солгарди риҳлати ҳазрати имоми Хумайнӣ (раҳ) раҳбари кабӣри инқилоб исломӣ аст.

Имсол маросими сивупанҷумин солгарди риҳлати раҳбари кабири инқилоби исломӣ 14 хурдод ва шаст ва якумин солгарди қиёми 15 хурдод ба раҳбарии имоми роҳили дар ҳоли баргузор мешавад ки мардуми Эрони исломии азодори уруҷи шаҳодатгӯнаи Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурӣ ва ҷамъи аз ҳамроҳони ишон дар сониҳаи ҳавои ахир дар шимоли ғарб кишвар ҳастанд.