Посухи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ба иддаои раиси Маҷлиси намояндагони Амрико
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ба твитти иддаоии раиси Маҷлиси намояндагони Амрико дар вокуниш ба паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба донишҷӯёни амрикоии ҳомии Фаластин посух дод.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе (30 майи соли 2024) дар номае хитоб ба донишҷӯёни бовиҷдони ҳомии мардуми Фаластин дар донишгоҳҳои Амрико, зимни ибрози ҳамдиливу ҳамбастагӣ бо эътирозоти зиддисаҳюнистии ин донишҷӯён, ононро бахше аз ҷабҳаи муқовимат донистанд ва бо ишора ба тағйири вазъияту сарнавишти минтақаи ҳассоси Ғарби Осиё, бар варақ хӯрдани таърихи ҷаҳон таъкид карданд.
Баъд аз интишори номаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба донишҷӯёни амрикоӣ, Майк Ҷонсон, раиси Ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони Амрико зимни бознашри матни паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар сафҳаи шахсии худ дар сафҳаи иҷтимоии “Х“ навишт: “Агар оятуллоҳро розӣ кардаед, ҳимояти Амрикоро аз даст додаед”.
Ба гузориши хабаргузории Исна, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар вокуниш ба твитти раиси Маҷлиси намояндагони Амрико, бо интишори матлабе ба забони англисӣ дар сафҳаи шахсии худ дар сафҳаи иҷтимоии “Х” навишт: “Оё зинда - зинда сӯзондани кӯдакон дар чодарҳо, ҳимояту таъйиди Амрикоро ҷалб мекунад? Донишҷӯён (амрикоӣ) дар самти дурусти таърих ҳастанду ҳомиёни наслкушӣ нигаронанд”.