Июн 06, 2024 11:04 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури хориҷаи Эрон
    Вазорати умури хориҷаи Эрон

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон тасвиби қатъномаи зидди эронӣ дар нишасти Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомиро ба шиддат маҳкум кард ва онро ғайрисозандаву талоши бархе кишварҳои ғарбӣ барои сӯиистифодаи сиёсӣ аз созукорҳои байналмилалӣ алайҳи кишварҳои мустақил донист.

Ба гузориши Ирна, Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон чаҳоршанбешаб дар баёнияе эълом кард, Эрон мутааҳҳид ба идомаи ҳамкории фаннӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар чорчӯби ҳуқуқу таколифи байналмилалии худ бар асоси муоҳидаи адами густариш ва мувофиқатномаи подмон аст.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: Судури ин қатънома ҳеҷ таъсире бар иродаи Ҷумҳурии исломии Эрон барои идомаи баҳрбардории сулҳомез аз энержии ҳастаӣ ва амалӣ сохтани тарҳҳои тавсеаи ҳастаии худ мутобиқ бо ҳуқуқи Эрон зайли муоҳидоти зирабти байналмилалӣ надорад.

Дар идомаи иқдомоти хасмонаи кишварҳои ғарбӣ зидди барномаи ҳастаии Эрон, қатъномаи пешниҳодии се кишвари аврупоии Британия, Фаронса ва Олмон зидди барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон дар Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ тасвиб шуд.

Дар қатъномаи пешниҳодии ин се кишвар, ки бо 20 раъйи мувофиқ ва ду раъйи мухолиф ва 12 раъйи бетараф тасвиб шуд, бидуни ишора ба ҳамкориҳои Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз Теҳрон хоста шуда то барои ҳаллу фасли масоили иддаоии подмонӣ «иқдомоти заруриву фаврӣ» сурат диҳад! .

Ин қатънома ҳамчунин аз Эрон мехоҳад, баёнияи мавсум ба чаҳоруми март дар бораи ҳаллу фасли тамоми мавзӯоти боқимондаи байни Эрону ожонсро «бидуни таъхир» иҷро кунаду муҷаввизи бозрасони ожонсро, ки Эрон бар асоси ҳуқуқи ҳокимиятии мусарраҳ дар моддаи 9 мувофиқатномаи ҷомеи подмон лағв кардааст, эҳё намояд.

Ин дар шароите аст, ки бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ то кунун борҳо аз таъсисоти ҳастаии Эрон боздид кардаву ҳаргиз мадраке, ки нишон диҳад барномаи сулҳомези энержии ҳастаии Эрон ба самти мақосиди низомӣ инҳироф дошта бошад, пайдо накардаанд. Ҷумҳурии исломии Эрон низ ба ҳамкории худ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар чорчӯби мувофиқатномаи ҷомеи подмон идома дода ва таъкид дорад, ки масоили боқимонда бо рӯйкарди ҳирфаӣ ва бидуни ҷонибдории ожонс қобили ҳал аст.

 

Барчасп