Таъкиди Покистон бар тақвияти равобити Теҳрон - Исломобод
(last modified Thu, 06 Jun 2024 09:28:14 GMT )
Июн 06, 2024 14:28 Asia/Dushanbe

Аёз Содиқ, раиси Маҷлиси миллии Покистон зимни адои эҳтиром ба Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳури фақиди Эрон ва шуҳадои ҳамроҳи вай дар сониҳаи суқути болгард, бар азми Исломобод барои идомаи масири шаҳид Раисӣ барои тақвияти равобиту ҳамкориҳои дуҷониба миёни Эрону Покистон таъкид кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Аёз Содиқ, раиси Маҷлиси миллии Покистон бо ҳузур дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Исломобод, зимни адои эҳтиром ба шаҳид Раисӣ ва эъломи ҳамбастагӣ бо миллати Эрон ба иллати сониҳаи суқути болгарди раиси ҷумҳури фақид гуфт: «Сайид Иброҳими Раисӣ ва Ҳусайни Амирабдуллоҳиён нақш бисёр муҳиме дар тавсеаи равобити дӯстона миёни ду кишвари ҳамсоя, бародару дӯсти Эрону Покистон ифо кардаву покистониҳо ҳечгоҳ охирин сафари ин шуҳадои эронӣ ба Исломободро фаромӯш намекунанд.

 

Раиси Маҷлиси миллии Покистон гуфт, кишвараш ҳамвора барои равобити дӯстонаи худ бо Ҷумҳурии исломии Эрон аҳамияти вижае қоил буда ва муътақид аст, истифода аз зарфиятҳои муштарак дар равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва . . . зимни тавсеаву рифоҳи муштарак метавонад заминаи ҳамкории ду кишвари муҳими мусулмон барои кумак ба соири кишварҳои исломӣ ва ҳалли буҳронҳои пеширӯи уммати исломиро фароҳам кунад.