Таъкиди Эрон бар таваққуфи ҳимояти Амрикову Аврупо аз режими саҳюнистӣ
-
Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, на фақат ҳарф, балки танҳо таваққуфи комилу амалии ҳимояти Амрикову Аврупо аз режими нажодпарасти саҳюнистӣ, ба ин фоҷеаи дардноку хушунат бепарвову ваҳшиёна алайҳи инсонҳо дар Фаластин поён мебахшад.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ёддоште дар фазои маҷозӣ навишт: Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо мегӯяд: «Гузоришҳо аз Ғазза нишонгари он аст, ки танҳо воқеияти ҳоким бар зиндагии садҳо ҳазор инсони бегуноҳ, хушунат ва ранҷ аст. Ҳамросто бо дастури Девони байналмилалии додгустарӣ лозим аст таҳқиқоти мустақил дар мавриди гузоришҳо сурат гирад».
Сухангӯи дастгоҳи дипломатияи Эрон афзуд: Ҷиноёти режими нажодпараст алайҳи шаҳрвандону кӯдакону занони фаластинӣ барои ҳамаи мардуми ҷаҳон равшан ва албатта ваҳшатнок ва ҷонкоҳ аст. На фақат ҳарф, балки танҳо таваққуфи комилу амалии ҳимояти Амрикову Аврупо аз режими нажодпарасти саҳюнистӣ ба ин трагедияи дардноку хушунати бепарвову ваҳшиёна алайҳи инсонҳо дар Фаластин поён мебахшад.