Маросими видоъ бо Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар Ҳусайнияи Ҷаморони Теҳрон
Январ 09, 2017 11:23 Asia/Dushanbe
Пайкари Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ аз Бемористони шуҳадои Таҷреши Теҳрон ба Ҷаморон мунтақил шудааст. Аъзои хонаводаи вай ва шуморе аз мақомоти Эрон барои адои эҳтиром дар Ҷаморон гирд омадаанд. Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом рӯзи якшанбе 19 дай (8 январи 2017) дар асари сактаи қалбӣ даргузашт.