6 курсӣ барои Эрон дар конфедерасиюни варзишҳои обии Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i115034-6_курсӣ_барои_Эрон_дар_конфедерасиюни_варзишҳои_обии_Осиё
6 курсии байналмилалӣ барои Эрон дар конфедерасиюни варзишҳои обии Осиё касб шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 08, 2024 16:40 Asia/Dushanbe
  • 6 курсӣ барои Эрон дар конфедерасиюни варзишҳои обии Осиё
    6 курсӣ барои Эрон дар конфедерасиюни варзишҳои обии Осиё

6 курсии байналмилалӣ барои Эрон дар конфедерасиюни варзишҳои обии Осиё касб шуд .

Ба гузориши гурӯҳи варзишии хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз Федератсияи шино , шерҷа ва  ватероло , бо баргузории маҷмаъи интихоботии конфедерасиюни варзишҳои обии Осиё дар ибтидои урдибиҳишти имсол Муҳсини Ризвонӣ бо райи аъзои маҷмаъ ба унвони узви ҳайати раисаи Федератсиюни варзишҳои обии ҷаҳон интихоб шуд ва Фариди Фаттоҳёни ба унвони мудири иҷроии конфедерасиюни варзишҳои обии Осиё боқӣ монад .

Дар ҳамин росто бо касби ин ду ҷойгоҳи муҳиму арзишманд дар ҷаҳон ва Осиё ройзаниҳое сӯрат гирифт ва шаш курсӣ дар конфедерасиюни варзишҳои обии Осиё тавассути намояндагони Эрон бадаст омад .

Бар ҳамин асос Ораши Шарофат Вазири ба унвонии раиси Кумитаи пизишкии варзишҳои обии Осиё баргузида шуд . Масъуди Ризвонӣ дар узвияти Кумитаи фаннии ватеролои Осиё ибқо шуд . Муҳсин Самиъзода ба узвияти Кумитаи мураббиони конфедерасиюни варзишҳои обии Осиё даромад ва Ҳамиди Искандариён низ узви Кумитаи фаннии шинои Осиё шуд . Ҳамчунин Умеди Ҳадиқӣ курсии узвият дар Кумитаи фаннии шерҷаи варзишҳои обии Осиёро ба даст оварад ва Амири Соидвакил низ ба унвонӣ узви Кумитаи ахлоқ интихоб шуд .

Гуфтанӣ аст ; Муҳсини Ризвониӣ раиси Федератсия варзишҳои обии Эрон иловабар узвият дар ҳайати раисаи Федератсияи  варзишҳои обии ҷаҳон , дар ҷойгоҳи узви ҳайати раисаи конфедерасиюни Асия низ ибқо шуд .