Июн 09, 2024 15:04 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши дучархасаворони эронӣ дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё
    Дурахшиши дучархасаворони эронӣ дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё

Миллипушони дучархасавории эронӣ соҳиби ду нишони тилло, як нишони нуқра ва як нишони биринҷии рақобатҳои қаҳрамонии Осиё шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, имрӯзи шанбе ва дар севумин рузи мусобиқоти дучархасавории ҷодаи қаҳрамонии Осиё 2024 дар Қазоқистон дар модаи тайми трили инфиродӣ, Алиризои Ҳаққӣ дар радаи синҳои 45 то 49 сол ва Муҳсини Висён дар радаи синҳои 55 то 59 соли тавонистанд медоли тиллоро аз он худ кунанд.

Умеди Исфандиёрӣ дигари намояндаи Эрон дар радаи синҳои 50 то 54 сол ба медоли нуқра даст ёфт ва Суҳроби Пилтан низ дар ҳамин рада синни тавонист медоли биринҷро касб кунад.

Мусобиқоти дучархасавории ҷодаи қаҳрамонии Осиё 2024 дар Қазоқистони фардои якшанбе бо рақобати Сумаяи Яздони ва Ойдини Алёрӣ дар модаи тайми трили инфиродии бузургсолон пайгири хоҳад шуд.

Барчасп