6 номзади ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии 1403-и Эронро бештар бишносед + АКС
(last modified Mon, 10 Jun 2024 10:08:41 GMT )
Июн 10, 2024 15:08 Asia/Dushanbe
  • Номи номзадҳои интихоботи президентии Эрон (8-уми тири 1403 - 28 июни 2024.
    Номи номзадҳои интихоботи президентии Эрон (8-уми тири 1403 - 28 июни 2024.

Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосии Эрон асри рӯзи якшанбе номи номзадҳои таъйиди салоҳиятшуда барои ҳузур дар чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эронро эълом кард.

Дар ин гузориши “Порс Тудей” муруре хоҳем дошт ба савобиқи 6 номзади ниҳоии интихоботи 1403:

Масъуди Пизишкиён:

Масъуди Пизишкиён, мутаваллиди 7 меҳри соли 1333, дар шаҳристони Маҳободи устони Озарбойҷони Ғарбӣ аст.

Пизишкиён дар давлати дувуми Муҳаммади Хотамӣ вазири беҳдошт буд ва дар давраҳои ҳаштум, нуҳум, даҳум, ёздаҳум ва давоздаҳум ба сурати идомадор ба унвони намояндаи Табрез дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ ҳузур доштааст.

Масъуди Пизишкиён
Масъуди Пизишкиён

 

Мустафо Пурмуҳаммадӣ:

Пурмуҳаммадӣ фаъолияти худро аз соли 1358 ба унвони додситони Инқилоби исломӣ оғоз ва то соли 1365 ба унвони додситони Хузистон, Ҳурмузгон, Кирмоншоҳ ва Хуросон фаъолият кард.

Мустафо Пурмуҳаммадӣ

 

Дар фосилаи солҳои 1384 то 1387 вазири кишвари давлати нуҳум буд ва аз соли 1387 то 1392 раёсати Созмони бозрасии кулли кишварро бар уҳда гирифт.

Пурмуҳаммадӣ соли 1392 ва бо рӯи кор омадани давлати ёздаҳум ба муддати чаҳор сол вазири додгустарӣ шуд. Вай ҳамакнун ба унвони дабири кулли Ҷомеаи рӯҳонияти мубориз фаъолият мекунад ва раиси Маркази асноди инқилоби исломӣ низ ҳаст.

 

Саиди Ҷалилӣ:

Саиди Ҷалилӣ дар соли 1368 ва бо тасаддии раёсати Идораи бозрасии Вазорати умури хориҷа, ба таври расмӣ вориди фазои сиёсии кишвар шуд. Пас аз он, ба унвони муовини аввали бахши Амрико дар Вазорати умури хориҷаи Эрон машғул ба фаъолият шуд.

Саиди Ҷалилӣ
Саиди Ҷалилӣ

 

Аз соли 1386 то 19 шаҳривари 1392 дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва раиси гуруҳи музокиракунандаи ҳастаии Эрон бо кишварҳои ғарбӣ буд. Дар соли 1392 дар ёздаҳумин даври интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад шуд ва беш аз 4 миллион раъй касб карду нафари сеюм шуд. Ҷалилӣ аз ҳамон сол узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон аст.

 

Алиризо Зоконӣ:

Зоконӣ дар маҷолиси ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум намояндаи Теҳрон буда ва дар давраи ёздаҳум низ ба унвони намояндаи Қум ба маҷлис роҳ ёфт. Ӯ аз соли 1400 ӯҳдадори симати шаҳрдории Теҳрон шуд.

Алиризо Зоконӣ

 

Сайид Амирҳусайн Қозизодаи Ҳошимӣ:

Ҳошимӣ пештар дар давраи ҳаштум, нуҳум ва даҳуми Маҷлиси Шӯрои исломӣ низ ба унвони намояндаи ҳавзаи интихобияи Машҳад ва Калот фаъолият мекард ва дар давраи нуҳуму даҳум ба унвони дабири узви ҳайати раисаи маҷлис буд.

Сайид Амирҳусайн Қозизодаи Ҳошимӣ

 

Ваии соли 1400 ба симати муовини раиси ҷумҳур ва раиси Бунёди шаҳид ва умури исоргарон дар давлати сездаҳум мансуб шуд.

 

Муҳаммадбоқири Қолибоф:

Қолибоф раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон.

Дар ҷараёни ҷанги Эрону Ироқ ӯ дар соли 1361 ба унвони фармондеҳи типи Имом Ризо (а) ва як соли баъд дар ҷойгоҳи фармондеҳи Лашкари 5 –и Насри Хуросон интихоб шуд.

Муҳаммадбоқири Қолибоф

 

Қолибоф дар соли 1373 масъулияти қароргоҳи созандагии Хотамуланбиё (с)-ро пазируфт. Қолибоф дар соли 1376 ба дастури мақоми муаззами раҳбарӣ ӯҳдадори фармондеҳии Неруи ҳавоии Сипоҳ шуд ва бо гузарондани давраҳои фишурдаи халабонӣ, муҷаввизи парвоз бо “Эйробус” (Айрбас)-ро ба даст овард.

Ӯро тарроҳи шаҳрҳои мушакии Эрон унвон кардаанд. Дар соли 1379 муҷаддадан бо ҳукми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ фармондеҳии Нерӯи интизомии Эронро ӯҳдадор шуд.

Муҳаммадбоқири Қолибоф

 

Қолибоф дар соли 1384 бо раъйи аъзои Шӯрои исломии шаҳри Теҳрон ба унвони шаҳрдори пойтахти Эрон интихоб ва то соли 1396 ба муддати 12 сол дар ин симат ба мардуми Теҳрон хидмат кард.

Вай дар ҷараёни рақобатҳои интихоботии соли 1396 дар ҳимоят аз шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ аз интихобот канорагирӣ кард.