Саҳми маҳсулоти нанои эронӣ дар саноати кишоварзии Малайзия
Мудирони Вазорати кишоварзии Малайзия бо изҳори тааҷҷуб аз пешрафти Эрон дар соҳаи нано, харидории ин маҳсулотро дар дастури кори худ қарор додаанд.
Ба гузориши хабаргузории “Parstoday”, дар дидори мудирони Вазорати кишоварзии Малайзия ва мудирони Ситоди рушди фанновариҳои нано ва микрои Эрон дар Теҳрон, тавонмандиҳои наноии Эрон дар бахши кишоварзӣ ба ин гурӯҳ ироа шуд.
Ҳамчунин зарфиятҳои Эрон дар заминаи бастабандии нано, ки муҳлати нигаҳдории ғизо, бахусус маҳсулоти протоини (сафедадор) -ро афзоиш медиҳад, барои ҷониби Малайзия ҷолиб буд.
Бояд гуфт, ки Эрон дар заминаи таҳияи стандартҳои байналмилалии нанотехнология пас аз кишварҳои Амрико, Ҷопон, Англия ва Кореяи Ҷанубӣ дар ҷои панҷум аст.