Раҳбари инқилоби исломӣ бар пайкари Ҳошимии Рафсанҷонӣ намози ҷаноза иқома мекунанд
(last modified Mon, 09 Jan 2017 10:59:37 GMT )
Январ 09, 2017 15:59 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ бар пайкари Ҳошимии Рафсанҷонӣ намози ҷаноза иқома мекунанд

Муовини равобити умумии Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон гуфт: Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи фардо бар пайкари марҳуми Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ намози ҷаноза иқома мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳамзаи Халилӣ рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо Ирно афзуд: Бар асоси охирин тасмими хонаводаи Оятуллоҳ Ҳошимии ‌Рафсанҷонӣ, пайкари раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар дохили марқади мутаҳҳари имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори ҷумҳурии исломии Эрон ба хок супурда мешавад .

Халилӣ афзуд: Маросими ташйии пайкари марҳум Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ аз соати 10 субҳи фардо дар донишгоҳи Теҳрон оғоз мешавад .

Маросими видоъ бо пайкари Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон субҳи рӯзи душанбе бо ҳузури раисҷумҳур, масъулони мухталифи кишварӣ ва лашкарӣ ва қишрҳои мухталифи мардуми Эрон дар Ҳусайнияи Ҷаморони Теҳрон баргузор шуд .

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар бораи шахсияти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ гуфт, оқои Ҳошимӣ дар рӯзҳои сахт ба саҳна меомад ва ҳамеша канори имом Хумайнӣ ва мақоми муаззами раҳбарӣ буд .

Раисҷумҳури Эрон афзуд: Марҳум Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар ҳамаи мароҳили инқилоб ва дар даврони созандагӣ ва бозсозии вайрониҳои пас аз ҷанги таҳмилӣ, ришодатҳои беназире аз худ нишон дод ва ҳеч вақт аз саҳна канор нарафт ва мушкилот эшонро аз масираш ҷудо накард‎.‎

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа ва Муҳаммад Боқири Навбахт, сухангуи давлати Эрон низ даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро таслият гуфтанд .