Июн 15, 2024 13:30 Asia/Dushanbe
  • Лузӯми бароъати ҷаҳонӣ аз режими саҳюнистӣ ва Амрико

Валии амри мусллимини ҷаҳон дар паём ба ҳуҷҷоҷи  Байтуллоҳил-ҳаром таъкид карданд : Лузӯми бароъати ҷаҳонӣ аз режими саҳюнистӣ ва Амрико

Ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёмӣ ба муносибати конгресси азим ва пуршукӯҳи ҳаҷ , « густараи инсонӣ » ва « қувати омили маънавии ислом »ро ду ҷониби фаризаи ҳаҷи хонданд ва бо ишора ба фаҷоиъи Ғазза ки дар таърихи муосир беназир аст , таъкид карданд : Бароъат аз режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш ба хусӯс Амрико , имсол бояд фаротар аз мавсим ва миқоти ҳаҷ , дар кишварҳо ва шаҳрҳои мусулмоннишин , дар ҳамаи ҷои ҷаҳон идома ёбад ва ба оҳоди мардум тасарри ёбад .


Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин паём бо ишора ба абъоди маносики печидаи ҳаҷ , онро барои мусулмонон қувати қалб ва барои бадхоҳон ҳаросангез ва пурҳайбат донистанд ва хотир нишон карданд : Қуръон зимни баёни роз ва рамзҳои таркибии печидаи ҳаҷ , онро мазҳари оромиши ахлоқӣ ва созиши мусулмонону мазҳари безорӣ ва ҷабҳагирӣ муқтадирона дар баробари душманон муаррифӣ мекунад ва ҳаҷгузорон бояд андеша ва амали худро ба ин маорифи пурфурӯғи наздиктар кунанд ва ҳувияти бозёфта ва омехта бо ин мафоҳими мутаъолиро ба унвони савғотии арзишманди сафари ҳаҷ ба хонаи баргардонанд .


Ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ бо ишора ба ҷиноёти режим бераҳм ва албата рӯ ба заволи режими саҳюнистӣ дар Ғазза афзӯданд : Масаълаи бароъат , имсол барҷастатар аз гузашта аст зеро фаҷоиъи Ғазза ҷои ҳечгуна мулоҳиза ва мумошот барои ҳар фарду ҳизбу давлату фирқаи мусулмонон боқӣ нагузошта аст ва ин бароъат бояд дар қавлу амали миллатҳо ва давлатҳо худро нишон диҳад ва арсаро бар ҷаллодону ҳомиёнашон танг кунад .


Раҳбари инқилоби исломӣ дар фарози поёнӣ паёми худ бо таҷлил аз муқовимати пӯлодини Фаластин ва мардуми сабуру мазлӯми Ғазза , таъктд карданд : Бояд аз ин муқовимаи пуштибонии ҳама ҷониба шавад .


Матни паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба ҳуҷҷоҷи  Байтуллоҳил-ҳаром ба ин шарҳаст :

 

Бисмилоҳир-раҳмонир-раҳим
و الحمد للّه ربّ العالمین و الصّلاة  و السّلام علی خیر البریّة سیّدنا محمّدٍ المصطفی و آله الطّیّبین و صحبه المنتجبین و من تبعهم باحسان الی یوم الدّین..
Оҳанги дилнавози иброҳимӣ ки ба фармони Худо , ҳамаӣ инсонҳоро дар ҳамаӣ давронҳо , дар мавсими ҳаҷ ба каъба фаро мехонад , имсол низ дилҳои ҷамъӣ аз мусулмононро аз саросари ҷаҳон , маҷзӯби ин пойгоҳи тавҳид ва ваҳдат карда , ва ин анбӯҳи пуршукӯҳу мутанаввиъи мардумиро падид оварда , ва густараи инсонӣ ва қувати омили маънавии исломро ба рухи хеш ва бегона кашидааст .


Иҷтимои азиму маносики печидаӣ ҳаҷ , ҳар гоҳ бо чашми тадаббур дида шавад , барои мусулмон , қувати қалбу сарчашмаӣ итминонаст , ва барои душману бадхоҳ , ҳаросангезу пурҳайбат .
Ҷой таъаҷҷуб нест агар душманону бадхоҳони уммати исломӣ , ин ҳар ду ҷониби фаризаӣ ҳаҷро омоҷи тахрибу тардиди созанд ; чӣ бо барҷастасозии муғоиратҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ , ва чаҳ бо фурукостан аз ҷанбаҳои қудсӣ ва маънавӣ .
Қуръон , ҳаҷро мазҳари убудияту зикру хушуъ , мазҳари каромати яксонит инсонҳо , мазҳари сомонёбии зиндагии моддӣ ва маънавии башар , мазҳари баракату ҳидоят , мазҳари оромиши ахлоқӣ ва созиши амалии миёни бародарон , ва мазҳари безорӣ ва ҷабҳагирии муқтадирона дар баробари душманон муаррифӣ мекунад.
Тадаббур дар оёти марбӯт ба ҳаҷ ва таъаммул дар аъмолу маносики ин фаризаӣ бемисол , инҳо ва розу рамзҳое аз қабили инҳоро дар таркиби печидаӣ ҳаҷ ба мо нишон медиҳад .
Шумо бародару хоҳари ҳаҷгузор , акнӯн дар арсаӣ тамрини ин ҳақоиқу маорифи пурфурӯғ қарор доред . Андеша ва амали худро ба он наздику наздиктар кунед , ва ҳувияти бозёфта ва омехта бо ин мафоҳими мутаъолиро ба хона баргардонед .

Ин ҳамон савғотии арзишманду ҳақиқии сафари ҳаҷ шумоаст .
Имсола масаълаӣ бароъат барҷастатар аз гузашта аст . Фаҷоиъи Ғазза ки дар таърихи муосири мо беназир аст , ва густохии режими бераҳму мазҳари қасовату шақоват ва албата рӯ ба заволи саҳюнист , ҷои ҳеҷ гӯна мулоҳиза ва мумошот барои ҳар фарду ҳизбу давлату фирқаӣ мусулмон боқӣ нагузошта аст . Бароъати имсол бояд фаротар аз мавсиму миқоти ҳаҷ , дар кишварҳо ва шаҳрҳои мусулмоннишин дар ҳамаи ҷои ҷаҳон идома ёбад , ва фаротар аз ҳаҷгузорон , ба оҳоди мардум тасарри ёбад .
Ин бароъат аз режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш ба хусӯс давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд дар қавлу амали миллатҳо ва давлатҳо худро нишон диҳаду арсаро бар ҷаллодон танг кунад .
Муқовимати пӯлодини Фаластин , ва мардуми сабуру мазлӯми Ғазза ки шикваи сабру муқовиматашон , ҷаҳонро ба таҳсин ва такрим водошта аст , бояд аз ҳамаи ҷиҳат пуштибонӣ шаванд .

 Аз Худованд барои онон пирӯзии комилу сариъи хосторам , ва барои шумо ҳуҷҷоҷи муҳтарам , ҳаҷи мақбул масъалат мекунам . Дуои мустаҷоби ҳазрати Бақиятуллоҳ ( рӯҳи фидоа ) пуштибони шумо бод .
Вассалому алайкум вараҳматуллоҳ
Сайидалии Хоманаӣ
4 зилҳаҷҷаи1445