Баргузории нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои Маҷмаи гуфтугӯи осиёӣ дар Теҳрон
(last modified Wed, 19 Jun 2024 14:08:21 GMT )
Июн 19, 2024 19:08 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои Маҷмаи гуфтугӯи осиёӣ дар Теҳрон

Сарпарасти вазорати умӯри хориҷаи Эрон эълом кард, ки нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои Маҷмаи гуфтугӯи осиёӣ, ҳафтаи оянда дар Теҳрон баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Боқирии Канӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи нишасти ҳайати давлат дар посух ба суоле дар хусӯси идомаи фаъолиятҳои вазорати умӯри хориҷа гуфт, фаъолияти вазорати хориҷа ба таври ҷиддӣ идома дорад ва мо ҳафтаи оянда, рӯзҳои якшанбе ва душанбе нишасти Маҷмаи гуфтугӯҳои осиёиро дар Теҳрон дар сатҳи вузарои хориҷа хоҳем дошт.

Вай эълом кард, ки ҳудӯди 32 кишвар узви ин маҷмаъ ҳастанд.

Боқирӣ ҳамчунин дар хусӯси равобити Эрон ва ожонс гуфт, Эрон дар чорчӯби муоҳидаи “NPT” ва тавофуқномаи подмони ҳамаи тааҳҳудоташро иҷро мекунад ва ҳеҷ нақзе дар тааҳҳудоташ нест.

Сарпарасти вазорати умӯри хориҷа идома дод, созу корҳои назоратӣ ва бозрасии ожонс ҳам ба таври қавӣ идома дорад.