Вокуниши Эрон ба иттиҳомоти беасоси Амрико дар бораи Яман
Сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид иттиҳомоти Амрико зидди Эрон дар бораи Яманро беасос хонду гуфт: Ҷумҳурии исломӣ ҳамвора бар ҳалли мусолиматомези буҳрони Яман аз тариқи каналҳои дипломатӣ таъкид кардааст.
Ба гузориши Ирна, Амир Саиди Еревонӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар СММ дар номае ба раиси давраии Шӯрои амният иддаоҳои матраҳшуда тавассути намояндаи Амрико зидди Эрон дар нишасти Шӯрои амнияти СММ дар мавриди вазъияти Яман, ки дар 13 июни 2024 таҳти мавзӯи дастури кори вазъият дар Ғарби Осиё баргузор шуд, афзуд: Муттаассифона, намояндаи Амрико дар ростои рӯйкарди ҳамешагии Вашингтон аз трибуни Шӯрои амният барои муттаҳам кардани дигар кишварҳои мустақил сӯиистифода кардааст.
Еравонӣ афзуд, Ҷумҳурии исломии Эрон ба таври қотеъ иттиҳомоти беасоси Амрико зидди Эронро рад мекунад, зеро дар мавориди мутааддид эълом кардааст, ки ба қатъномаҳои марбутаи Шӯрои амният дар бораи вазъияти Яман мутааҳҳид аст ва дар фаъолиятҳое, ки ноқизи ин қатъномаҳо бошад, мушорикат надошта ва ҳамвора бар ҳалли мусолиматомези буҳрони Яман аз тариқи каналҳои дипломатӣ таъкиду тааҳҳуди худро ба амнияти дарёӣ ва озодии киштиронӣ иброз доштааст.
Намояндаи доими Эрон дар СММ тасреҳ кард, Амрико ва шуракои эътилофиаш аъмоли таҷовузкоронае зидди ҳокимияту тамомияти арзии Яман муртакиб шуда ва ҳамчунон муртакиб мешаванд, ки ба таври фоҳиш қавонини байналмилалӣ, маншури СММ ва қатъномаҳои марбутаи Шӯрои амниятро нақз мекунад ва ошкоро сулҳу суботи минтақаиро ба хатар меандозад.