Эрон дар посух ба қатъномаи Шӯрои мудирон сентрафугаҳои пешрафтаро роҳандозӣ мекунад
Дар пайи қатъномаи бедалили Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии атомӣ алайҳи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон , раиси Созмон энергияи атомии Эрон дастури анҷоми иқдомоти муассир, аз ҷумла роҳандозии маҷмӯаи гуногуне аз сентрафугаҳои нав ва пешрафтаро содир кард.
Ба гузориши Саҳоб ба нақл хабаргузории Садо ва Симо, Вазорати умури хориҷа ва Созмони энергияи атомии Эрон дар мавриди қатъномаи бедалили содира дар Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии энергияи атомӣ дар робита бо барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон баёнияе содир карданд.
Дар ин баёния омадааст: Дар ҷаласаи санаи 21 ноябри Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии энергияи атомӣ бо фишор ва исрори се кишвари аврупоӣ ва Амрико ва бо вуҷуди ҳимоят накардани ҳудуди ниме аз давлатҳои узв, қатъномаи ғайрииҷмоъ дар мавриди барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон тасвиб шуд.
Вазорати умури хориҷа ва Созмони энергияи атомии Эрон дар баёнияи худ афзуданд: Бар ҳамин асос, раиси Созмони энергияи атомии Эрон дастури анҷоми иқдомоти муассир аз ҷумла роҳандозии маҷмӯае аз сентрафугаҳои нав ва пешрафта аз анвоъи мухталифро содир кард.