Афзоиши 5 баробарии табодулоти иқтисодии Эрону Тоҷикистон
-
Ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар бахши обу энержӣ
Вазири неруи Эрон аз панҷ баробар шудани ҳаҷми равобити Эрон бо Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши Ирна, Алиакбари Меҳробиён, вазири неруи Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи чаҳорумин нишасти вазирони энержии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар дидори Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон, бо ишора ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар солҳои ахир, аз вазири энержии Тоҷикистон барои ҳузур дар иҷлоси ояндаи Шӯрои ҳуккоми об дар Теҳрон даъват кард.
Меҳробиён бо таъкид бар ин ки Муассисаи таҳқиқоти оби Эрон барои интиқоли таҷрибиёти худ, ба вижа дар хусуси мудирияти пиряхҳои дар ҳоли об шудан дар Тоҷикистон омодагӣ дорад ва низ бо ишора ба фаъол будани ширкатҳои эронӣ дар пешбурди амалиёти эҳдоси садди “Роғун” афзуд: Ширкатҳои фанниву муҳандисии Эрон бо доро будани таҷрибаву дониш ва низ неруҳои муҷарраб чунончӣ дар Тоҷикистон ҳимоят шаванд, метавонанд дар пешбурди пружаҳои мухталифи обиву барқӣ дар ин кишвар ҳузури фаъоле дошта бошанд.
Вазири неруи Эрон ба собиқаи ҳузури ширкати эронии “Фароб” дар Тоҷикистон ишора карду гуфт, ширкати “Фароб” аз ширкатҳои муваффақ дар содироти хадамоти фанниву муҳандисӣ аст ва метавонад дар пешбурди пружаи садди “Роғун” ҳузури муассире дошта бошад.
Далери Ҷумъа низ бо ироаи гузориш дар бораи иҷлоси муҳими обӣ дар шаҳри Душанбе ва об шудани пиряхҳои табиӣ дар Тоҷикистон гуфт: Коршиносони эронӣ дар мавзӯи мудирияти пиряхҳои табиӣ таҷрибаи арзишманде доранд ва бар ин асос Тоҷикистон аз идомаи тавсеаи ҳамкорӣ бо ин ширкатҳо истиқбол мекунад.
Вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон ҳамчунин бо ишора ба суръати пешрафти садди “Роғун” гуфт, беш аз 70 дарсади пешрафти бархе аз бахшҳои ин сад тавассути ширкатҳои эронӣ сурат гирифтааст ва Тоҷикистон аз ҳузури ширкатҳои эронӣ истиқбол мекунад.
Вазири неруи Эрон барои ҳузур дар нишасти вазирони энержии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзи панҷшанбе ба Қазоқистон сафар кардааст.
Дар ин иҷлос, ки то шанбеи 22 июн дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад, Эрон монанди соири аъзо бо рӯйкарди ҳамкории муштараку ҳифзи манофеи ҳамаи кишварҳои узв, пешниҳодҳои худро барои тақвияти Санади тавсеаи ҳамкории энержӣ ироа хоҳад кард.