6 медали рангоранг барои шатранҷбозони навҷавони эронӣ дар рақобатҳои Қаҳрамонии Осиё
(last modified Fri, 21 Jun 2024 16:44:08 GMT )
Июн 21, 2024 21:44 Asia/Dushanbe
  • Медалҳои шатранҷбозони эронӣ
    Медалҳои шатранҷбозони эронӣ

Порстудей. Тими миллии шатранҷи навҷавонони Ҷумҳурии исломии Эрон бо касби 6 медали рангоранг ба кораш дар рақобатҳои Қаҳрамонии Осиё поён дод.

Рақобатҳои шатранҷи навҷавонони Осиё, ки аз 21 хурдод дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон оғоз шуда буд, дирӯз п- анҷшанбе бо анҷоми рақобатҳои рӯзи охир ба поён расид.

Ба гузориши “Порстудей”, дар рӯзи поёнии ин рақобатҳо Ромтини Кокованд ва Асмо Ҳасанпур, шатранҷбозони навҷавони Эрон ба тартиб соҳиби медали тиллову нуқраи радаи синнии 12 соли писарон ва 10 соли духтарон шуданд.

Корвони шатранҷи Эрон дар маҷмуъ бо 6 медали Ромтини Кокованд 2 нишони тиллои стандарт ва блитз, Маҳсо Алавӣ, нишони тиллои рапид, Асмо Ҳасанпур нуқраи блитз, Гулизода нуқраи стандарт ва Муҳаммадтоҳо Маликнажод бо бронзи стандарт ба кори худ дар ин рақобатҳо поён дод.