Талоши Эрон барои муқобила бо ифротгароӣ ва тавсеанаёфтагӣ дар Афғонистон
(last modified Sat, 22 Jun 2024 05:59:56 GMT )
Июн 22, 2024 10:59 Asia/Dushanbe
  • Талоши Эрон барои муқобила бо ифротгароӣ ва тавсеанаёфтагӣ дар Афғонистон

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал гуфт: Эрон барои муқобила бо ифротгароӣ, терроризм ва тавсеанаёфтагӣ дар Афғонистон талош ва омодагии худро барои ифои нақши фаъол дар бозсозии ин кишвар эълом мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амир Саид Ереванӣ-сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал рӯзи гузашта (ҷумъа) дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал перомуни «вазъият дар Афғонистон» гуфт: Кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон бояд бетараф ва бидуни қайду шарт боқӣ бимонад, ҳар гуна сиёсисозии кумакҳо ба мардуми Афғонистон осеб мерасонад.

  Ереванӣ тасреҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунон ба ҳимоят аз Афғонистон мутааҳҳид аст ва ба рағми таҳримҳо, дар замонҳои буҳронӣ ва чолишҳое, ки мардуми Афғонистон бо он мувоҷиҳ будаанд, марзҳои худро ба рӯйи оворагон ва паноҳандагони афғонистонӣ боз нигаҳ доштааст.

 Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал тасреҳ кард: Афғонистон ҳамчунон бо буҳронҳои шадиди иқтисодӣ ва башардӯстона рӯбарӯ аст, ки ба далели коҳиши қобили таваҷҷуҳи кумакҳои байналмилалӣ вахимтар шудааст; Чунин вазъият бисёре аз мардум, ба вежа занону кӯдаконро ба шиддат таҳти таъсир қарор медиҳад.

  Ереванӣ бо ишора ба ин, ки Эрон ба равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Афғонистон идома медиҳад ва бар проектҳое монанди бандари Чобаҳор, роҳи оҳан ва кишти ҷойгузин барои коҳиши тавлиди маводи мухаддир тамаркуз мекунад, афзуд: Ҷомеаи байналмилалӣ бояд ҳимояти сареъ, кофӣ ва мустамар аз кишварҳои мизбон монанди Эронро фароҳам кунад.

 Равобити хуби мардуми Эрон ва Афғонистон, рафту омади шаҳрвандони афғон ба Эрон ва ҳузури беш аз 4 даҳа муҳоҷирони афғон дар Эрон, сабаб шудааст афғонҳо ба навъе Ҷумҳурии Исломии Эронро ватани дувуми худ бидонанд.