Эрон қаҳрамони рақобатҳои зӯрхонаии ҷаҳон шуд / Тоҷикистон дар мақоми севум
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i115400-Эрон_қаҳрамони_рақобатҳои_зӯрхонаии_ҷаҳон_шуд_Тоҷикистон_дар_мақоми_севум
Тими Эрон бо иқтидор қаҳрамони нахустин давраи мусобиқоти ҷаҳонии варзишҳои зӯрхонаӣ дар Исфаҳон шуд. Тоҷикистониҳо ҳам дар ин рақобатҳо сеюм шуданд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Июн 22, 2024 11:14 Asia/Dushanbe
  •  Эрон қаҳрамони рақобатҳои зӯрхонаии ҷаҳон шуд / Тоҷикистон дар мақоми севум

Тими Эрон бо иқтидор қаҳрамони нахустин давраи мусобиқоти ҷаҳонии варзишҳои зӯрхонаӣ дар Исфаҳон шуд. Тоҷикистониҳо ҳам дар ин рақобатҳо сеюм шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , нахустин давраи рақобатҳои варзиши зӯрхонаӣ бо ширкати 130 варзишкор аз кишварҳое аз ҷумла Тоҷикистон, Ҳинд, Сурия, Литва, Шри-Линка, Ироқ, Беларус, Лубнон, Афғонистон, Танзания, Фаластин, ҷумҳурии Озарбойҷон, Индонезия, Полша, Покистон, Брунди, Узбакистон, Непал, Эстония, Руандо ва Кения ба муддати 2 рӯз (21 то 22 июн) баргузор шуд.

 Тими миллии Эрон бо 257 имтиёз ва бо иқтидор қаҳрамони шуд ва ҷумҳурии Озарбойҷон бо 185 имтиёз дувум шуд, Ироқ бо 170 имтиёз бар ҷойгоҳи севум истод ва Тоҷикистони 150 имтиёзӣ низ муштаракан дар канори Ироқ қарор гирифт.