Омодагии Эрону Беларус барои ҳамкорӣ дар заминаи тавлиди турбинҳои газӣ
Вазирони неру ва энержии Эрону Беларус аз омодагии ду кишвар дар хусӯси ҳамкорӣ дар заминаи тавлиди турбинҳои газӣ хабар доданд.
Ба гузориши Ирна, Аликбари Миҳробиён, вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи гузашта (ҷумъа) дар ҳошияи чаҳорумин нишасти вазирони энержии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар дидор бо Виктор Каранкевич, вазири энержии Беларус бо баёни инки Беларус як кишвари пешрафта аз назари санъатӣ ва сатҳи технологӣ аст, гуфт, равобити Эрону Беларус дар ҳавзаи иқтисодӣ ниёз ба тақвият дорад.
Вазири энержии Беларус низ зимни таъкид бар ҳамкории ҳамаҷониба ва мутақобил бо Эрон барои тарроҳӣ ва сохти нерӯгоҳҳо ва таҷҳизот аз баҳрамандии таҷрибаи тахассусии Эрон дар заминаи турбинҳои газӣ хабар дод.