Июн 23, 2024 20:07 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳимояти Эрон аз масири чандҷонибагароӣ

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон масири ҳимоят аз чандҷонибагароӣ ва муқобила бо якҷонибагароиро идома хоҳад дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Боқирии Канӣ, сарпарасти вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимоӣ “Х”навишт, Теҳрон рӯзи душанбе мизбони 40 ҳайати ширкаткунанда дар нишасти вазирони Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё (ACD) аст, ки вазирон ва мақомоти аршади 31 кишвари узв ва дабирони кулли 9 созмони байналмилалии осиёӣ дар ин нишаст ҳузур доранд.

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуд, ки ин рӯйдод бистари муносибе барои тақвияти ҳамкории кишварҳои осиёӣ намоёнгари рӯйкарди осиёӣ ба чандҷонибагароӣ, фарогирӣ ва ҳамкорӣ аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мисли гузашта ҳамчунон масири ҳимоят аз чандҷонибагароӣ ва муқобила бо якҷонибагароӣ идома хоҳад дод.

19-умин иҷлоси вазирони умури хориҷаи Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё (ACD) фардо (душанбе) бо ҳузури 41 ҳайат аз кишварҳои узву созмонҳои байналмилалӣ дар Теҳрон, пойтахти Эрон баргузор мешавад.

Нишасти коршиносони аршад ҳам аз субҳи имрӯз (якшанбе) дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 2024 ба узвияти Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё дар омад ва аз ҷумлаи аъзои фаъоли он аст.

Эрон дар ҳоли ҳозир раёсати ин маҷмаъро бар ӯҳда дорад.

Маҷмаи гуфтугӯи  ҳамкории Осиё (ACD) дар соли 2002 таъсис шуд. Эрон, Таиланд, Индонезия, Малайзия, Филиппин, Бруней, Сингапур, Камбоҷа, Ветнам, Мянма, Лаос, Непол, Русия, Туркия, Ҷопон, Чин, Муғулистон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳинд, Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Шри Ланка, Бутон, Кувайт, Баҳрайн, Арабистон, Қатар, Имороти Арабии Муттаҳида, Уммон, Фаластин, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон 35 узви ин созмони фарогири осиёиро ташкил медиҳанд.

 

Барчасп