Тавофуқи Эрон ва Баҳрайн барои аз саргирии равобити сиёсӣ
Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Баҳрайн дар баёнияи муштарак бар эҷоди соз ва корҳои лозим барои оғоиз гуфтугӯҳои ду кишвар бо ҳадафи баррасии чигунагии аз саргирии равобити сиёсӣ тавофуқ карданд .
Ба гузориши рӯзи душанбеи Ирно ; Ин баёнияи муштарак дар пайи музокираи Алӣ Боқирии Канӣ , сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдуллатиф бин Рошиди Алзёнӣ, вазири умӯри хориҷаи Баҳрайн мунташир шудааст .
Дар ин баёния омадааст : Дар чорчӯби равобити торихии бародаронаи подшоҳии Баҳрайн ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва пайвандҳои динӣ , ҳамсоягӣ , таърихи муштараку манофеи мутақобили байни онҳо , Алӣ Боқирии Канӣ , сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Эрон ва Абдуллатиф бин Рошиди Алзёнӣ , вазири умӯри хориҷаи Баҳрайн дирузи якшанбе дар Теҳрон дидор ва гуфтугӯ карданд .
Вазири хориҷаи Баҳрайн ба даъвати сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар нишасти Маҷмаъи гуфтугӯи ҳамкории Осиё ба Теҳрон сафар кардааст .
Нуздаҳумин иҷлоси вазирони умури хориҷа Маҷмаъи гуфтугӯи ҳамкории Осиё ( ACD ) имрӯз ( душанбе ) бо ҳузури 41 ҳайат аз кишварҳои узву Созмонҳои байналмилалӣ дар Теҳрон , пойтахти Эрон баргузор мешавад .
Нишаст коршиносони аршад ҳам аз субҳи рӯзи гузашта ( якшанбе ) дар Теҳрони оғоз ба кор кард . Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 2024 ба узвият Маҷмаъи гуфтугӯи ҳамкории Осиё даромад ва аз ҷумлаи аъзои фаъоли он аст . Эрон дар ҳоли ҳозири раёсатии ин маҷмаъро бар уҳда дорад .