Мусобиқоти Ҷоми Осиё: Роҳёбии тими баскетболи Эрон ба марҳалаи ниманиҳоӣ ​​​​​​
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i115510-Мусобиқоти_Ҷоми_Осиё_Роҳёбии_тими_баскетболи_Эрон_ба_марҳалаи_ниманиҳоӣ
Тими баскетболи духтарони зери 18 соли Эрон ба марҳалаи ниманиҳоии рақобатҳои Ҷоми Осиё - 2024 дар Чин сууд кард.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Июн 26, 2024 19:06 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти Ҷоми Осиё: Роҳёбии тими баскетболи Эрон ба марҳалаи ниманиҳоӣ ​​​​​​

Тими баскетболи духтарони зери 18 соли Эрон ба марҳалаи ниманиҳоии рақобатҳои Ҷоми Осиё - 2024 дар Чин сууд кард.

Сеюмин дидори тими зери 18 соли духтарони Эрон муқобили тими Сомуо дар мусобиқоти дивижен B копи Осиё - 2024 Чин баргузор шуд.

Тими баскетболи духтарони зери 18 соли Эрон дар ин дидор муваффақ шуданд, тими Сомуоро бо натиҷаи 76 бар 73 дар вақти изофа шикаст диҳанд то бо се пирӯзии мутаволӣ ва ба унвони саргурӯҳ ба марҳалаи ниманиҳоии ин рақобатҳо роҳ пайдо кунанд.

Маҳсо Каронӣ бо касби 26 имтиёз, 6 рибонд, 7 блок ва короии 23 беҳтарини бозикуни ин дидор шуд.