Июн 27, 2024 10:29 Asia/Dushanbe
  • Имрӯз , солгарди инфиҷори террористии ҳафтуми тир дар Теҳрон
    Имрӯз , солгарди инфиҷори террористии ҳафтуми тир дар Теҳрон

Имрӯз ( панҷшанбе ) ҳафтуми тири 1403 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 27 июни 2024 солрӯзи инфиҷори террористӣ дар дафтари ҳизби Ҷумҳурии Исломӣ дар Теҳрон аст .

27 июни 1981 ( ҳафтуми тири 1360 ) бар асари инфиҷори бомбе дар салони иҷтимоъоти ҳизби Ҷумҳурии Исломӣ дар Теҳрон , Оятуллоҳ « Муҳамадҳусайнии Биҳиштӣ » раиси Девони олии кишвар ҳамроҳ бо 72 нафар аз шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии Эрон ( чаҳор вазир , 12 муовини вазир ва ҳудӯди 30 намояндаи Маҷлис ) ба дасти аносири гурӯҳаки террористии мунофиқин шаҳид шуданд .

Амалиёти террористии ҳафтуми тир танҳо яке аз иқдомоти гурӯҳаки террористии мунофиқин дар солҳои аввалияи пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон аст ки дуруст як рӯз пас аз сӯъи қасд ба ҳазрати Оятуллоҳи Хоминаӣ , Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар масҷиди Абӯзари Теҳрон ба вуқуъи пайваст . Дар июни 1981 ва 1987 , фаҷоиъи террористӣ бо ҳимояти Амрико дар Эрон иттифоқ афтод ки бо тавсияи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ , ҳафтае ба номи ифшои ҳуқуқи башари амрикоӣ барном резӣ шуд .

Ҳимоят аз бомбаборони шимиёии Сардашт аз сӯии режими Баъси Ироқ ва шиллики мустақими мӯшак ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрони тавассути нови амрикоӣ, ки дар натиҷаи он 290 сарнишини он ба шаҳодати расиданд , аз дигари иқдомоти зидди башарии Амрико алайҳ Эрон аст . Пас аз ҳамлаи Амрико ба Ироқ ва суқӯти режими Саддом низ аносири гурӯҳаки террористии мунофиқин ҳамчунон таҳти ҳимояти Амрико ва Аврупо қарор гирифтанд .