Барномарезии афзоиши тавлиди нафти Эрон ба 4 миллион бушка дар рӯз
(last modified Thu, 27 Jun 2024 05:51:04 GMT )
Июн 27, 2024 10:51 Asia/Dushanbe
  • Барномарезии афзоиши тавлиди нафти Эрон ба 4 миллион бушка дар рӯз
    Барномарезии афзоиши тавлиди нафти Эрон ба 4 миллион бушка дар рӯз

Арзиши содироти нафти Эрон бо вуҷӯди аъмоли таҳримҳои бештар аз сӯии кишварҳои ғарбӣ , аз 10 миллиард доллар дар солҳои 1398 ва 1399 ҳиҷрии шамсӣ , ба беш аз 36 миллиард доллар дар сол расидааст .

Ба гузориши Порс Тудей , « Ҷаводи Авҷӣ » вазири нафти Эрон , дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати давлат , гуфт : « То поёни соли 1403 ҳиҷрии шамсӣ , зарфияти тавлиди нафти Эрон аз 3 миллиону 600 ҳазор бушка ба 4 миллион бушка мерасад

»Ба гуфтаи « Авҷӣ » содироти нафти Эрон дар шароите. ки таҳримҳои ғарбиҳо алайҳи кишвари ташдид шуда 2 . 5 баробар рушд кардааст .

« Авҷӣ » ҳамчунин афзӯд : « Имсол тавлиди гази Эрон 34 миллион метримукаъаб афзоиш меёбад » .

Вазири нафти Эрон бо ишора ба вуқуъи се ҳамлаи сойберӣ ва террористӣ дар шабакаи тавзеъи фаровардаҳои нафтӣ ва гази кишвар тайи се соли ахир , гуфт : « Ин мушкилот бо вуҷӯди нотарозиҳои мавҷӯд , ҳаргиз натавонистанд амнияти энержии Эронро ба хатар биндозанд » .

Вазорати нафти Эрон дар давлати сездаҳум беш аз 23 миллиард доллар қарордоди тавсеаи майдонҳои муштарак ва мустақили нафту гази кишварро имзо кардааст .