Эрон яке аз қутбҳои аслии пайванди узв дар ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i115698-Эрон_яке_аз_қутбҳои_аслии_пайванди_узв_дар_ҷаҳон
Порс Тудей- Мақоми вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи пайванди узв, саромад аст.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июл 03, 2024 13:32 Asia/Dushanbe
  • Эрон яке аз қутбҳои аслии пайванди узв дар ҷаҳон

Порс Тудей- Мақоми вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи пайванди узв, саромад аст.

Тибқи охирин омор дар соли 2023, 1121 эҳдои узв дар Эрон анҷом шудааст.

Саидҳошми Дарёборӣ, раиси Маркази назорату эътиборбахшии умӯри дармони вазорати беҳдошти Эрон изҳор кард, дар Эрон дар ҳоли ҳозир 28 маркази пайванди кулия, 13 маркази пайванди кабед, 10 маркази пайванди қалб, 3 маркази пайванди рия, 5 маркази пайванди понкрос, як маркази пайванди рӯдаи кучак ва 22 маркази фароҳамоварии бофт ва аъзо фаъолият доранд.

Image Caption

Вай тасреҳ кард, дар ҳоли ҳозир 1100 бемористон ва 165 ҳазор тахти бемористонӣ дар Эрон вуҷӯд дорад. Ҳамчунин, 60 ҳазор пизишки мутахассис ва 90 ҳазор пизишки умумӣ ва 33 ҳазор маркази дармонӣ дар ҳоли хизматрасонӣ ба мардум ҳастанд.