Июл 07, 2024 10:40 Asia/Dushanbe
  • Имзои нахустин қарордоди паймони пулии Эрон ва Русия
    Имзои нахустин қарордоди паймони пулии Эрон ва Русия

Раиси кули банки марказии Эрон аз имзои нахустин қарордоди паймони пулии дуҷониба барои табодулоти тиҷории миёни Эрон ва Русия хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадризо Фарзин, раиси кули банки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти ду ҷонибаи раисони кули банкҳои марказии Эрон ва Русия дар Санкт-Петербург бо ишора ба зарфиятҳои тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар, гуфт: Қарордоди паймони пулии дуҷониба ба манзури тамини муовизаи нақдинагӣ ба пулҳои миллӣ барои табодулоти тиҷори имзо ва ба зудӣ бо ифтитоҳи зерсохти муомилоти тавофуқии риёли бурунмарзӣ дар маркази мубодилаи арзу тиллои Эрон , дастуруламалҳои лозим ба шабакаи банкӣ ва бозаргонон иблоғ хоҳад шуд .

Фарзини афзуд: дар нишаст дуҷонибаи ҳайати тахассусии ду тараф , зимни ниҳоисозӣ илзомоти иттисоли шабака пардохт картаи мири Русия ба шабакаи шитоби Эрон , ин тарҳи вориди марҳала амалиётӣ шуд .

Раиси кули банки марказӣ Эрон гуфт: дар марҳалаи аввали картҳои банкии шабакаи шитоби Эрон дар қолаби тарҳи картаи ҳушманди ҳамроҳбанк  дар кулияи худпрдозҳои кишвари Русияи қобил истифода хоҳад буд ва атбоъи Эронӣ метавоннд бо картҳои банкии худ аз худпрдозҳои Рӯсияи искиноси рубл дарёфт кунанд .

Фарзини афзуд: марҳалаи дувуми ин иттисол барои баҳрамандии атбоъи Русия дар Эрон хоҳад буд ва дар марҳалаи севум картҳои шитоби Эрон дар пазирндаҳои фурушгоҳии Русия пардозиш хоҳад шуд.

Барчасп