Табрики раисҷумҳури Туркманистон ба Пизишкиён ва таъкид бар густариши равобити дуҷониба
(last modified Tue, 09 Jul 2024 05:27:21 GMT )
Июл 09, 2024 10:27 Asia/Dushanbe
  • Табрики раисҷумҳури Туркманистон ба Пизишкиён ва таъкид бар густариши равобити дуҷониба

Раисҷумҳури Туркманистон пирӯзии Масъуди Пизишкиёнро дар чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон табрик гуфт ва бар густариши равобити дуҷониба таъкид кард.

 Дар дувумин даври чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар рӯзи ҷумъа 5 июл,Масъуди Пизишкиён аз маҷмӯъи 30 миллиону 530 ҳазору 157 раъй, тавонист бо касби 16 миллиону 384 ҳазору  403 раъй нӯҳумин раисҷумҳури мунтахаби Эрон шавад.

 Дар ҳамин росто ҷамъе аз сарон ва мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар паёмҳое пирӯзии Масъуди Пизишкиён дар интихоботро табрик гуфтанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сардор Бердимуҳаммадов-раисҷумҳури Туркманистон бо ишора ба инки равобити ин кишвар ва Ҷумҳурии Исломии Эрон устувор бар эътимоди мутақобил ва дӯстии чандсадсола аст, гуфт: Мушорикати роҳбурдӣ миёни Эрон ва Туркманистон бо талошҳои муштараки тарафҳо беш аз пеш тақвият шуда ва ба нафъи мардуми ду кишвар хоҳад буд.

 Бердимуҳаммадов барои Пизишкиён саломатӣ ва муваффақияти густурда дар ҳамаи заминаҳо барои пешрафт ва шукуфоии мардуми Эронро орзу кард.

 Аз сӯи дигар Исмоил Ҳания-раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ба намояндагӣ аз ин ҷунбиш ва умуми мардуми Фаластин баргузории муваффақиятомези интихобот дар Эрон ва эътимоди миллат ба Масъуди Пизишкиён ва интихобаш ба унвони раиси ҷумҳурро самимона табрик ва барои ӯ дар масири хидмат ба мардуми Эрон орзуи муваффақият кард.

 Пеш аз ин ҳам мақомоти аршади дигар кишварҳо аз ҷумла Ҳинд, Малайзия, Қатар, Арабистон, Кувайт, Аморот, Баҳрайн, Лубнон, Кореяи ҷанубӣ , Чин, Сурия, Покистон, Русия, Венесуэла, ҷумҳурии Озарбойҷон, Сербистон, Ироқ ва Созмони ҳамкории Шанхай низ пирӯзии Масъуди Пизишкиён дар даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро табрик гуфтанд.